Шарҳи вазорати маориф оид ба латукӯби омӯзгор дар Ваҳдат

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон латукӯби Файзихон Раҷабова, омӯзгори мактаби №8-и шаҳри Ваҳдат аз ҷониби модари яке аз хонандагони синфи 8-ро “қонунвайронкунии ҷиноятӣ” номид.

Файзихон Раҷабова, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи мактаби №8-и шаҳри Ваҳдат рӯзи 5-уми октябри соли равон аз ҷониби Фируза Сармисоқова, модари Шаҳзода Муминова, хонандаи синфи 8 “г” латукӯб шудааст.

Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар хабар медиҳад, ки ҳодиса баъди он сар задааст, ки Шаҳзода Муминова дар дарси “Асосҳои давлат ва ҳуқуқ” раванди дарсро чанд маротиба вайрон карда, ба таъкидҳои муаллима баръакс вокуниш нишон додааст.

“… Дар раванди дарс вобаста ба якчанд ҳолатҳои вайронкунии дарс омӯзгор аз хонанда Муминова Шаҳзода эрод гирифта, хонанда бошад, худро ислоҳ накарда, ба эродҳои омӯзгор вокуниш нишон медиҳад, ки дар натиҷа байни онҳо баҳс ба миён омада, муаллима маҷбур мешавад, ки ба рафтори хонанда баҳои “2” гузорад”,- гуфта мешавад дар хабарномаи вазорат. Вақте ки модари хонанда аз баҳси фарзандаш бо муаллима огоҳ мешавад, “бо мақсади танбеҳи омӯзгор” ба мактаб рафта, “дар дохили синфхона бо Файзихон Раҷабова ҷанҷол намуда, омӯзгорро зери латукӯб қарор додааст”.

Гурӯҳи кории вазорат бо такя ба Иттифоқи касабаи ин мактаб навиштааст, ки Файзихон Раҷабова 4 сол боз дар муассиса кор мекунад ва “муносибаташ бо аҳли кормандон ва хонандагон хуб буда, ягон арзу шикоят нисбати ӯ то ин дам ба Иттифоқи касаба ворид нагардидааст”.

Файзихон Раҷабова дар робита ба ҳодисаи мазкур ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат муроҷиати расмӣ кардааст ва ҳоло тафтиши ҳодиса идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки Файзихон Раҷабова бо нашри як муроҷиатнома аз Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон хоста буд, ки ҳодисаи латукӯби ӯ аз ҷониби волидайни як хонанда таҳқиқ карда шуда, нисбати гунаҳкорон чора андешад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *