Шарифмарде аз табори хирад. Дар ҳошияи зодрӯзи академик Муҳаммадюсуф Имомзода

Дар ҳамаи давру замон ва дар миёни ҳамаи халқу миллатҳо ашхосе ҳастанд, ки дар баробари шунидан ва ё хондани ному насаби онҳо на симои як шахс, балки симои як фарҳанг, як кишвари илм ва як нажоди хирад пеши назар меояд. Ин гуна ашхос фарҳангсоз ва илмофаранд. Академик Муҳаммадюсуф Имомзода аз зумраи чунин шахсиятҳост.

Аз ҳар даричае, ки ба шахси ӯ назар андӯзем, як сифати накӯяш ба чашм мехӯрад. Аз як тараф, олими нуктасанҷ, аз тарафи дигар, донишманди соҳибмактаб, аз нигоҳи сеюм, дӯсти содиқ ва аз диди баъдӣ инсони комил.

Ҳар гаҳ, ки сухан дар бораи Муҳаммадюсуф Имомзода равад, беихтиёр, Садриддин Айнӣ ба ёд меояд ва гоҳе, ки аз устод Айнӣ ёд кунем, симои Имомзода пеши назарамон ҷилвагар аст. Албатта, айнишиносии мо аз Муҳаммадюсуф Имомзода оѓоз намеёбад, аммо, дарвоқеъ, ҷойгоҳи ӯ дар ин густара хос аст. Дар адабиётшиносии даврони истиқлоли мо масъалаҳои ба осори Айнӣ рабтдоштае намондааст, ки аз ҷониби ин олими маъруф ва нуктасанҷи мо мавриди пажӯҳиш қарор нагирифта бошад. Ӯ, аллакай, дар даврони донишҷӯйӣ аз мактаби илмии айнишиносии И. С. Брагинский, Х. Мирзозода, М. Шакурӣ, С. Табаров, Ш. Ҳусейнзода, А. Маниёзов, Ҳ. Шодиқулов, Х. Асозода ва дигарон бомуваффақият гузашта, аз он давра то ба ҳоло дар мақолаҳову асарҳои пурарзиши худ паҳлуҳои гуногуну норавшани осори устод Айниро ба хонандаи тоҷик ошно кардааст. Чунончи, М. Шакурӣ навиштааст, ки «таҳлили илмии муфассали М. Имомов парда аз рӯйи бисёр сирру асрори санъатҳои тасвиркории Айнӣ мебардорад ва вобастагии ин санъатро бо мазмуни иҷтимоиву сиёсии замон падид меорад…».  

Дар даврони истиқлоли давлатӣ маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар самтҳои илм ва маорифи миллии мо мактаби айнишиносӣ низ эҳё гардид. Ин ибтикори фархунда боиси он гардид, ки Муҳаммадюсуф Имомзода мактаби айнишиносии худро ташкил намояд. Дар давоми понздаҳ соли даврони истиқлол (2000-2015) ин донишманди камназири тоҷик доир ба масъалаҳои ҷаҳонбинӣ, таҳавввули тафаккури бадеӣ, мақоми сюжет ва тасвир, аҳамияти таҳқиқ, тарҷума ва нашри осори устод Айнӣ пажӯҳишҳои судманд анҷом дода, ҷанбаҳои мухталифи ҳаёт ва эҷодиёти ин Қаҳрамони Тоҷикистонро ба риштаи таҳқиқ кашидааст.

Рӯзгори Муҳаммадюсуф Имомзода саропо сарфи пажӯҳишҳои илмӣ гашта, ҳар як асар ва мақолаи ӯ барои адабиётшиносии миллии  мо арзиши хосе доранд. То ба имрӯз ба қалами ӯ бештар аз 10 асар ва 170 мақолаи илмӣ тааллуқ дошта, ба 20 асари илмӣ муҳаррир, мураттиб ва мушовир будааст. Фишурдаи гузоришҳои ӯ дар 35 маҷмуи мақолоти конференсияҳои байналмилалӣ ба табъ расида, зери роҳбарии ӯ 15 нафар унвонҷӯён рисолаи номзадӣ ва таҳти мушовирии ӯ 13 нафар докторантҳо рисолаҳои докторӣ ҳимоя намудаанд. Мақолаҳои эшон бо забонҳои хориҷӣ низ тарҷума гардида, ба доираи васеи аҳли илм пешниҳод шудаанд.

Ҳамрадиф бо ин, матлаби «қадри зар заргар бидонад, қадри ҷавҳар Ҷавҳарӣ», бештар аз 30 мақола дар бораи М. Имомзода, ки бо забонҳои гуногун берун аз кишвар ба табъ расидаанд, ба ёд мерасад. Дар ин мақолаҳо, на танҳо тоҷикон, балки намояндагони дигар халқу миллатҳо симои Муҳаммадюсуф Имомзодаро дар тасвирҳои гуногун иброз дошта, ӯро «кошифи розҳои нуҳуфтаи илм», «инсони комил», «ҷонфидои ҷодаи айнишиносӣ», «инсони бонизом» ва «раҳҷӯйи пайраҳи илм» гуфтаанд.

Як амри дигари қисматро дар чандин пажӯҳишгарони илмӣ ба мушоҳида гирифтаам. Яъне, рӯзгор ва осори адиби мавриди пажӯҳиш қароргирифта ба рӯзгор ва осори муҳаққиқи он бетаъсир намемондааст. Дар ин росто, Муҳаммадюсуф Имомзода низ дар баробари таҳқиқи ҷанбаҳои мухталифи рӯзгор ва осори устод Айнӣ якчанд хислати ин фарзонафарзанди миллатро ба худ гирифтааст. Масалан, дар баробари нависандаи бузург, олим, шоир, рӯзноманигор будани Айнӣ, ӯ маорифпарвари бузург ҳам ҳаст. Муҳаммадюсуф Имомзода низ дар баробари адабиётшиноси закитабъ будан, маорифпарвари шинохта ҳам ҳаст. Мавсуф аз соли 1991 то ба имрӯз ба фаъолияти маорифпарварӣ пайваста машғул буда, дар зинаҳои гуногун: аз муаллими калон сар карда, декани факултет, ректори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон то ба мансаби Вазири маориф ва илми кишвар (2020-2022) ҳамора дар пайи тарбияти фарзандони халқ будааст. Имрӯз низ ин масъулият як қисми асосии рисолати шарифи ӯро фаро гирифта, рӯзгори калонсолиашро ба маориф пайванд додааст.

Саъдии бузургвор мефармояд:

Барги дарахтони сабз дар назари ҳушёр,

Ҳар варақе дафтарест, маърифати Кирдугор.

М. Имомзода барои саҳми бузург дар илм ва адабиётшиносии миллии мо бо дараҷаҳои илмии номзади илм ва доктори илмҳои филологӣ, унвонҳои илмии дотсент ва профессор ва унвони олии илмӣ, унвони академӣ — узви вобаста (2008) ва пайваста (2014) — академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия (2005) мушарраф гардидааст. Ҳамчунин, барои нақши бузургаш дар ҷодаи рушди илми тоҷик дар хориҷа ва ҳамкориҳои байналмилалии мо дар самти илму маориф ба унвонҳои илмии профессори фахрии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (2006), профессори фахрии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (2012), профессори фахрии Донишгоҳи Син-зян, профессори фахрии Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва (2013) ва профессори фахрии Донишгоҳи славянии Қирѓизистону Россия (2018) мушарраф гардидааст.

Басе бародар аст, ки дӯст нест ва басо дӯст ҳаст, ки бародар нест. Аммо пешорӯйи ман ин ном, яъне Муҳаммадюсуф Имомзода, ҳамеша ва пеш аз ҳама, ин ду мафҳум: дӯст ва бародарро дар якҷоягӣ таҷассум менамояд. Эшонро ба ифтихори милоди шарифашон таҳният намуда, аз забони Рӯдакии бузург мегӯям:

Ҷуз ин дуот нагӯям, ки Рӯдакӣ гуфта,

Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ.

Шодимуҳаммад СУФИЗОДА, доктори илмҳои филологӣ, директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии АМИТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *