Шариповро дар Истамбул дастгир карданд

Нӯъмонҷон Шарипов, яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати исломӣ (ҲНИТ) шоми 4 феврал бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Истамбули Туркия боздошт шудааст.

Нӯъмонҷон Шарипов, зодаи Ворух ва собиқ роҳбари комиссияи тафтишотии ҲНИТ дар вилояти Суғд, солҳои охир дар Истамбул як чойхонаи тоҷикӣ кушода буд.

Нӯъмонҷон Шарипов, собиқ узви раёсати бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд ва раиси собиқи комиссияи тафтишоти ин ҳизби мухолиф дар ин вилоят, шоми 4 феврал дар назди чойхонааш дар маркази Истамбул аз ҷониби пулис дастгир шудааст.

Нӯъмонҷон Шарипов дар поёни соли 2015, дар пайи манъи фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон, тарки кишвар карда, ба Туркия паноҳ бурда буд.

Нӯъмонҷон Шарипов 1 апрели соли 1962 дар ҷамоати Ворухи Исфара ба дунё омада, ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ Донишкадаи металлургии шаҳри Свердловск (ҳоло – Екатеринбург)-и Русияро бо ихтисоси муҳандис хатм кардааст.Ҳанӯз маълум нест,ки боздоштшуда кай ба Тоҷикистон истирдод карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *