Шарифзода дар Панҷакент соҳиби кӯча шуд
Файзулло Ансорӣ, Бобо Ҳоҷӣ, Сорбон, Урун Кӯҳзод ,Убайд Раҷаб, Лоиқ Шералӣ, Бобо Насриддин, Мастон Шералӣ, Шарофиддин Рустамов, Соҳиб Табаров, Абдунабӣ Сатторзода, , Холиқ Мирзозода…Ин танҳо як рӯйхатти нопурраи шогидони Абдуҷаббор Шарифзода, устоди зиндаёди омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент аст. Ин омӯзишгоҳ як мактаби нодире буд, ки дар асри 20 даҳҳо арбоби бузурги фарҳанги тоҷик аз ҳамин даргоҳ берун омадаанд. Рӯзи 12 декабр дар маҳаллаи Самарқандии шаҳри Панҷакент кӯчаеро ба номи Абдуҷаббор Шарифзода гузоштанд. Ба номи муаллиме, ки даҳҳо арбоби фарҳанги тоҷикро дарс додааст.
Даҳҳо бузургону адибону олимони адабиёти муосири тоҷик, ки дар омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент аз соли 1945 то охирҳои солҳои 60 таҳсил намудаанд, аз ин боргоҳи дониш сабақи Абдуҷаббор Шарифзодаро гирифтаанд.
Абдуҷаббор Шарифзода ба қаламкашони машҳури мамлакат сар аз Файзулло Ансорӣ, Бобо Ҳоҷӣ, Сорбон, Урун Кӯҳзод ,Убайд Раҷаб, Лоиқ Шералӣ, Бобо Насриддин, Мастон Шералӣ, Шарофиддин Рустамов, Соҳиб Табаров, Рақиб Абулхайров, то ба Абдунабӣ Сатторзода, Субҳон Атовуллоев, Холиқ Мирзозода, Абдуғанӣ Эшонҷонов ва даҳҳо нафари дигар сабақи илм омӯзонидааст.
Ин нукта имрӯз зимни гузоштани номи Абдуҷаббор Шарифзода — омӯзгори ботаҷриба, устоди устодони адабиёти муосири тоҷик, ба яке аз кӯчаҳои шаҳри Панҷакент аз тарафи муовини раиси шаҳр Зайнура Азимӣ садо дод.
Бархе аз шогирдони омӯзгор Абдуҷаббор Шарифзода имрӯз ҳам дар қайди ҳаётанд ва дар рушду нумуи адабиёти тоҷик нақши муассир доранд.
Яке аз онҳо адиб Хоҷамуҳаммади Муҳаммадзод мебошад, ки муаллифи чандин китобҳои илмиву адабӣ аст. Ӯ бо ифтихор аз шогирди муаллим Шарифзода буданаш ҳарф мезанад. Хоҷамуҳаммади Муҳаммадзод мегӯяд, таълиму тадриси устод Шарифзода хеле муассир аст. Маҳз роҳнамоӣ ва донишандӯзии устод буд, ки шогирдони зиёдаш дар роҳи илм комёбу муваффақ гардиданд.
Рӯзноманигори собиқадор ва шоир Шариф Исматӣ гуфт, дар омӯзишгоҳ шавқи зиёд ба ҷуғрофиё дошт, аммо маҳз Абдуҷаббор Шарифзода дар қалбаш меҳри адабиётро зиёд намуд ва ӯ ба ин роҳ рафту аз устодаш миннатдор аст.
«Синни ман аз 70 гузаштааст, вале 80 километр роҳро тай карда, маҳз ба хотири номгузории ин кӯча ба номи устод Абдуҷаббор Шарифзода ба инҷо омадам. Ташаккур барои қадрдонии муаллимамон. Ростӣ, аз ин номгузорӣ хеле хурсанд шудам,” – гуфт Шариф Исматӣ.
Ахиран пас аз як соли қабули қарор дар бораи ба яке аз кӯчаҳои шаҳри Панҷакент гузоштани номи Абдуҷаббор Шарифзода, устоди даҳҳо бузургони аҳли адаби кишвар, имрӯз санаи 12.12.18 яке аз кӯчаҳо дар қисматии ғарбии шаҳр, ба номи ин мард гузошта шуд.
Вакилони халқи шаҳри Панҷакент, ҳанӯз 1 сол пеш, санаи 28.12.17 қарореро таҳти №158 қабул намуда буданд, ки охирон кӯчаи маҳаллаи Самарқандӣ, бояд ба номи муаллими шоистаи РСС Тоҷикистон, Абдуҷаббор Шарифзода гузошта шавад.
Дар маросими номгузории кӯча ба номи ин омӯзгои варзида, шогирдон, мардуми ин кӯча ва намояндагони ҳукумати шаҳри Панҷакент ширкат намуданд.
Абдуҷаббор Шарифзода, соли 1899 дар деҳаи Навгилеми ноҳияи Исфара дида ба дунё боз мекунад. То соли 1920 дар мактабҳои кӯҳна ва мадрасаи зодгоҳаш таҳсили илм намудааст. Соли 1922 ӯро барои таҳсил ба Бухоро мефиристанд. Баъди хатми курсҳои муаллимӣ аз Бухоро омада аз соли 1925 ба ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ шурӯъ менамояд. Ӯ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфарю Конибодом дар вазифаҳои гуногун раиси комитети инқилобӣ, роҳбарии идораҳои советию хоҷагӣ кору фаъолият намудааст. Дар ин наҳру навоҳи дар ташкили мактабҳо, муассисаҳои маданӣ,мустаҳкам кардани сохтори советӣ ва дигар корҳои назаррас саҳми назаррас доштааст.
Соли 1931 барои идомаи таҳсил ба инститити педагогии шаҳри Душанбе шомил гардида, то соли 1933 дар инҷо таҳсил мекунад.
Муаллим Шарифзода, соли 1955 барои хизматҳои шоиста бо ордени Ленин сарфароз гардонида шудааст, ки он замон мушарраф шудан ба чунин мукофтот як фахри бузург буд.
Ба сурати умум, омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент дар асри 20 ба сари худ як мактаби нодире буд, ки шояд хеле бештар аз ҳатто бархе мактабҳои олӣ шогирдони номдор тарбия кардааст. Шояд дар Тоҷикистон ягон мактаби дигаре набошад, ки баробари омӯзишгоҳи Панҷакент ба илму фарҳанг ва адабиёти тоҷик чунин шумори бузурги академикҳову профессорҳо, шоирону адибони хушном дода бошад.
Ва яке аз сутунҳои ин мактаб устод Абдуҷаббор Шарифзода буд, ки инак кӯчаеро дар Панҷакент ба номаш гузоштанд.
Бознашр аз «Ахбор»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ