Адвокат ба қаллобӣ гунаҳгор мешавад

Адвокат  Жанна Исроилова, узви Коллегияи адвокатҳои “Адл”-и шаҳри Душанбе бар асоси шикояти як сокини пойтахт ба қаллобӣ  гумонбар мешавад.

Даъвогар дар шикояташ ҳуқуқшиносро барои гирифтани 8300 доллар муттаҳам кардааст.Дар шикояти шаҳрванде, ки исмаш оварда намешавад, ҳуқуқшинос дар он муттаҳам мешавад, ки гӯё соли 2014 бо ваъдаи кумак дар ҳалли як баҳси манзил дар Додгоҳи шаҳри Душанбе пул гирифта ва ба ваъда вафо накардааст. “Илова ба ин, аз шаҳрванд “А” овардани маблағи 2500 доллари дигар талаб карда, аз ин миқдор санаи 15-уми октябри соли 2018 5000 сомонӣ гирифта, оварда додани боқимонда 2000 долларро талаб намуд”, — навиштааст вебсайти Оҷонсии зидди коррупсия. Дар хабар омадааст, ки Исроилова ҳангоми гирифтани 2 ҳазор доллари боқимонда боздошт шуд. Моддаи 247, қисми 4, ки бар асоси он парванда боз шудааст, дар сурати гунаҳкор эътироф шудани шахс пардохти ҷарима ва ё то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *