Шарифзода соҳиби муовини нав гардид
Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ташкилоту муассисаҳои маркази вилоят иштирок карданд. Дар ибтидо мудири шӯъбаи кадрҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ином Султонзода ҳозиронро бо тағийроти кадрӣ ошно намуд.
Ҳамин тариқ, мувофиқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз санаи 6 феврали 2017 Раъно Ҳошимзода муовини Раиси шаҳри Хуҷанд таъйин гардид.
Номбурда то ин вазифа декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолият менамуд. Оиладор буда, унвони илмии нозади илмҳои иқтисод аст. Соли 2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ