SMSдаъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ

Ба чунин иқдоми наҷиб комиссариати ҳарбии шаҳри Алмаатои Қазоқистон даст зада, ҷавононеро, ки синнашон ба давраи хизмати низомӣ расидааст, тавассути паёмак ё SMS ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват кардааст.

Ибтидои  ҳафтаи равон сокинони аз 18 то 27-солаи Алмаато дар телефонҳои ҳамроҳ паёмакҳое мегиранд, ки дар асоси он “бояд бо санадҳои худ ба кумиссариати ҳарбӣ ҳозир шаванд”. Фиристандаи ин паёмак “VOENKOMAT” буда, дар он ёдоварӣ мешавад, ки саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ҷаримаеро баробар бо як ҳазор нишондиҳандаи ҳисобии моҳона ба дунбол хоҳад дошт. Як нишондиҳандаи ҳисобии моҳона ба 2269 тенге ё қариб 7 доллари ИМА баробар аст.

Сухангӯи ба хабаргузории Tengrinews гуфтааст, Фиристодани ин паёмакҳоро шуъбаи Вазорати дифоъ дар Алмаато ба ширкати алоқаи мобилии Tele2 фармоиш дода, матни он бо ризоияти намояндаи комиссариати ҳарбӣ пахш мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *