Шарораи хотираҳо. Ёде аз Муқаддас Набиева

7 январ 75-солагии мавлуди ситораи эстрадаи тоҷик, сарояндаи номвар Муқаддас Набиева аст. Вале ӯ дар хотираи мо барои ҳамеша чун ҷавони 29-сола нақш бастааст… Муқаддас ҳунарманде аст, ки бо вуҷуди умри кӯтоҳ дар ҳунари тоҷик инқилоб кард ва номи хешро дар қалби мардум ҷовидонӣ сабт намуд.

Интихоби душвор

Модар аз кӯдакӣ истеъдоди нотакрори ӯро эҳсос намуда, талқин мекард, ки ба донишкадаи санъат дохил шавад. Муаллимааш Евдокия Ивановна бошад, маҳорати ӯро дар варзиши сабук, махсусан иҷрои гимнастикаи бадеӣ дида, ба ӯ тавсия дод, ки ба донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ҳуҷҷат супорад. Ва Муқаддас билохира ба ҳарфи муаллима амал кард, яъне донишҷӯйи  донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ шуд.

Хоҳари бузургаш Сабоҳат Қосимова, ки баъдан ҳунарпешаи номвар ва роҳбари театри “Аҳорун” шуд, он солҳо донишҷӯйи бахши актёрии донишкадаи санъат буд. Ба ёд меовард, ки Муқаддас бисёре аз шабҳои худро ҳамроҳи ӯ дар хобгоҳ мегузарониду шабҳо маҳфили ҳунарӣ меорост. 

“Бегоҳиҳо Муқаддас дар канори мизи утоқи хобгоҳ нишаста, бо шавқ сурудаҳои мардумиро мехонд ва донишҷӯёни зиёде дар утоқ гирди ҳам омада, ҳунари овозхонии Муқаддасро гӯш медоданд” – ба ёд меовард Сабоҳат.

Яъне Муқаддас бо вуҷуди донишҷӯйи донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ шудан, меҳри ҳунарро аз сина берун наандохт. Дар чорабиниҳои мухталиф ҳунарнамоӣ мекард ва дар лаҳзаҳои фароғат сурудҳои мардумиро зери лаб замзама менамуд.

Сарви Бӯстон

Соли 1972 Муқаддас Донишкадаи тарбияи ҷисмониро хатм кард ва дар мактаби ибтидоии варзишии ноҳияи Фархор ба ҳайси мураббӣ ба кор оғоз намуд. Чун завқи сарояндагӣ дар қалбаш ҷӯш мехзад, дар баробари кори мураббигӣ ба дастаи ҳаваскорони санъати хонаи маданияти Фархор пайваста, дар ҷашну чорабиниҳои мухталиф ширкат меварзид. Истеъдоди Худодод ва садои гуворою дилнишинаш, ки дар илми мусиқӣ онро сопранои лирикӣ мегӯянд, ба зудӣ ин духтараки резапайкарро шуҳратёр сохт ва овозаи Муқаддас аз Фархор то ба Душанбе расид…

Соли 1973 озмуни эҷодиёти халқ – “Бӯстон” баргузор гардид ва Муқаддас Набиева дар он суруди «Республикаи ман»-ро иҷро кард. Роҳбарии ансамбли эстрадии «Гулшан» Орифшо Орифов Муқаддасро сарве дар ин “Бӯстон” дарёфт ва  ӯро ба ҳайси яккахон ба кор қабул намуд. Ҳамин тавр,  Муқаддас Набиева чун ситора дар саҳнаи ҳунари тоҷик дурахшид.

Зикри як нукта бамаврид аст, ки Орифшо Орифов қаблан низ Муқаддасро медонист. Бори нахуст соли 1971 Муқаддас дар “Бӯстон” сурудеро аз филми “Гуссарская баллада” сароида соҳиби 10 хол гардида буд. Соли 1972 вақте ӯ дар барномаи солинавӣ суруди

Диламро деҳ, ман бедил намонам,

Ба мисли мурғи нимбисмил намонам,

Агар ишқат бувад гирдоби дарё,

Маро ҳам бар ки дар соҳил намонам…

-ро иҷро кард Орифшо Орифов ба ӯ гуфта буд: “Ту бояд сароянда шавӣ, парто институти тарбияи ҷисмониро ба “Гулшан” биё”, вале Муқаддас рад карда ба ноҳия баргашта буд.

Гуле дар “Гулшан”

Муқаддас Набиева соли 1974 ба «Гулшан» пайваста, дар як муддати кӯтоҳ соҳиби шуҳрат гардид.  Ӯ дар ҳунари сарояндагӣ, махсусан дар санъати эстрада роҳи наву сабки хоси сурудхониро боз намуд. Сурудҳои ӯ бо форамию салосат ва зарбу оҳанги дилнишинашон ба зудӣ дар хотири шунавандагон нақш бастанд. «Кӯи ту» (шеъри Авҳадии Мароғаӣ), «Хуршеди ҳаёт» (ғазали Ҳилолӣ), «Нури ман» (ғазали Мавлонои Румӣ) «Шарораи хотираҳо» (халқӣ), «Боди сабо» (Зебунисо), «Садои дил» (Аъзам Сидқӣ), «Ба ишқат интизорам» (Гулрухсор), «Дили зорам» (халқӣ), «Муҳаббат нест бе оташ» (Сайдалӣ Маъмур) ва даҳҳо таронаҳои дигари Муқаддас, ки теъдоди умумиашон ба 50 мерасад, то имрӯз куҳна нашуда, маҳбубият доранд.

Муқаддас Набиева дар баробари таронаҳои тоҷикӣ ҳамчунин бо забонҳои русӣ (суруди «Надежда), арманӣ («Суруди ман»), туркӣ, қирғизӣ суруд хонда, дар саросари кишвари паҳновари Шӯравӣ шуҳратёр шуд. Дар ҳайати «Гулшан» Муқаддас соли 1975 ба Фаронса, соли 1977 ба Полшаю Эстония ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ намуда санъати тоҷикро муаррифӣ намуд.

Бахти баргашта

Муқддас солҳои 70-ум мухлисони зиёде дошт. Вақте суруди «Ситораи ман»-ро сароиду шуҳраташ афзун шуд, Мирзо Турсунзода ӯро «Ситораи ман» мегуфт. Аҳмад Зоҳир, овозхони маъруфи Шарқ мафтуни садои Муқаддас буд ва орзу дошт, ки ба Тоҷикистон омада, бо ӯ дидору мулоқот намояд. Ҳазорон ҷавонмарди дигар дар ҳасрати Муқаддас буданд, вале…

Ӯ дар рӯзгори хонаводагӣ хушбахт набуд… 

Шоира Латофат Кенҷаева, ки аз соли 1975 дар як хона бо Муқаддас мезист ва дугонаи наздики ӯ буд, мегӯяд:

«Муқаддас аз шавҳари аввалааш ҷудо шуда буд. Вай як писар дошт – Баҳодур, ки дар тарбияи модараш дар Фархор буд. Ӯ писарашро зиёд дӯст медошт ва тез-тез ӯро хабар гирифта меистод. Солҳои охири умраш Муқаддас ошиқ шуда буд, ошиқи шайдо. Ошиқи марди оиладор…” Ишқи ӯ ҳунарманди машҳур Нур буд ва суруди “Эй нури нури нури ман”-ро ба ӯ бахшида буд.

Ташнаи дидор

Ишқи Нур ва Муқаддас то ҳамон рӯзе давом кард, ки Муқаддас аз дунё рафт. Латофат Кенҷаева, ки хотироти худро дар бораи Муқаддас таҳти унвони «Шарораи хотираҳо» навиштааст, рӯзҳои охири ҳаёти Муқаддасро ба ёд оварда мегӯяд:

«Он замон аллакай ману Муқаддас хонаҳои алоҳидаи худро доштем, аммо дӯстиамон ҳамоно қавӣ буд. Ман дар радиои Тоҷикистон ва ӯ дар ансамбли «Гулшан» кор мекард, ки ҳар ду дар як бино воқеъ буд. Як рӯз Муқаддас аз ман хоҳиш кард, ки барояш чиптаи ҳавопаймо ба самти Маскав пайдо намоям, то ба назди азизи дилаш Нур, ки дар Маскав буд, биравад. Вақте ки ман чипта пайдо карда, ҷониби коргоҳ омадам, Муқаддас аллакай саросема ҷониби сабукрав мешитофт. Садо кардам. Ӯ аз назди мошин фарёд зад:

-Латоф, ман ҳоли худам хонат меём…

Аммо он сабукрав Муқаддасро ба сафари бе бозгашт бурд… То ҳол «Латоф» гуфта, садо карданаш дар гӯшам садо медиҳад…»

Сафари охирин

Муқаддас он рӯз ҳамроҳи ҳамкоронаш ба вилояти Суғд сафар дошт, аммо дар роҳ мошини онҳо сарозер шуд ва ин сарояндаи шуҳратёри тоҷикро, ки ҳамагӣ 29 сол дошт, аз миён бурд…

Сарояндаи маъруф Баҳодур Неъматов бо таассуф аз фоҷиаи марги ин ҳунарманд ёдоварӣ карда мегӯяд: «30-юми августи соли 1979 гурӯҳи «Гулшан» бо мошин аз ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба Душанбе бармегашт. Субҳи барвақт ва торик буд, ки дар роҳ мошин ба ҷарие сарозер шуд. Муқаддас Набиева ба хотири наҷоташ худро аз мошин берун андохт ва сараш ба санги бузурге бархӯрд. Имкони наҷоташ дигар набуд. Ҳарчанд, мошин баъд аз лаҳзае ба санге бархӯрду истод».

Марги беамон ҳунармандеро рабуд, ки дар синни 27-солагӣ унвони Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистонро дарёфт карда, ҳанӯз дар айни авҷи эҷод буд…

Анҷом…

Гарчанде аз марги Муқаддас Набиева 45 сол сипарӣ шуд, вале ҳамоно мардум ӯро дӯст медоранд. Сарояндагони ҷавон сурудҳояшро бозхонӣ мекунанд, садои ӯ дар ҳар хонаводаи тоҷику тоҷикистонӣ танинадоз аст.

Дар бораи Муқаддас Набиева мақолаву хотираҳои зиёде таълиф гардиданд. Солҳои 90-ум адиби шинохта Латофат Кенҷаева доир ба рӯзгори ин сарояндаи номвар “Шарораи хотираҳо” ном китобе таълиф ва нашр намуд. Як бахши китоби хотироти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сабоҳат Қосимова – “Хӯшачинӣ мекунам аз ёдҳо” ба хоҳараш Муқаддас бахшида шудааст…

Соли 2022 бо қарори раиси вилояти Хатлон ҷоизае ба номи Муқаддас Набиева таъсис ёфт, ки ба сарояндагони ҷавони эстрада дода мешавад…

О. Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *