Шаш маҳбуси фаластинӣ бо қошуқ зиндонро сурох карда гурехтанд…
Мақомоти Исроил шаш маҳбуси фаластинро ҷустуҷӯ доранд, ки аз зиндони Голбоа фирор кардаанд.
Зиндониҳо давоми чанд моҳ бо қошуқ нақбе канда, тавассути он аз зиндон берун шудаанд. Пулиси Исроил деҳқононро ҳушдор дод, ки мумкин аст, фирориҳо дар саҳро пинҳон шуда бошанд.
Миёни фирориҳо Зикриё Зубайдӣ низ ҳаст, ки мақомоти Исроил ӯро «хатарноктарин ҷинояткор» унвон мекунанд. Панҷ тани дигар аз фирориён узви «Ҷиҳоди исломӣ» буданд. Мақомоти Исроил ҳамаи онҳоро ба ҳабси якумрӣ маҳкум карда буданд.
Амалиёти боздошти фирориён дар Исроил субҳи рӯзи душанбе шуруъ шуд. Гуруҳҳои мусаллаҳи фаластинӣ фирори маҳбусонро қаҳрамонӣ унвон карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ