30 ҳазор дар паради ҳарбии Душанбе иштирок карданд (аксҳо)

Дар паради ҳарбӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 30 ҳазор нафар иштирок карданд.

7 сентябр ба муносибати таҷлили 30 – юмин  солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе паради ҳарбӣ баргузор гардид.

“Таҷлили ҷашни муқаддас бо расми гузашти 30 ҳазор нафар хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ, яъне муҳофизони истиқлоли Ватан, марзу буми давлати соҳибихтиёр ва ҳомиёни қонунияту тартибот дар фазои тантанавӣ оғоз гардид”,-иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Сарвари давлат.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар майдони Дӯстии пойтахт раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо пешвоз гирифтанд.

Маросими бошукӯҳи ҷашнӣ бо ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони баргузории чорабинӣ оғоз гардид.

Қабл аз гузашти низомӣ, хизматчиёни ҳарбии ротаи қаровули фахрии Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун рамзи муқаддас аз назди иштирокчиёни паради ҳарбӣ гузаронида, дар сафи пеши дастаҳо қарор доданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нақши барҷастаи таърихии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ махсус таъкид кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки мо бо хизмати софдилонаву ватандӯстонаи низомиёни кишвар, яъне фарзандони далеру ҷасур ва ғаюру шуҷои миллат ифтихор мекунем.

Баъд аз анҷоми суханронии Сарвари давлат ва зимни иҷрои Суруди миллӣ дар як вақт аз тӯпҳо 30 шиллик парронда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *