Шаш мурда дар дохили бозор
Бегоҳии рӯзи душанбе дар яке аз бозорҳои шаҳри Ал-Моҳаи музофоти Таизи ҷанубу ғарбии Яман дар натиҷаи таркиш 6 нафар ҳалок гардида, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд,- иттилоъ медиҳад «РИА Новости».
Тавре шоҳидон мегӯянд, маводи таркандаи худсоз дар наздикии яке аз қаҳвахонаи номдор гузошта шуда будааст.
Шаҳри Ал-Моҳа дар соҳили баҳри Сурх моҳи январи соли 2017 зери назорати қувваҳои ҷонибдори ҳукумат ба тарафдории президент Абд Раббу Мансур Ҳодӣ аз хатари ошӯбгарон-хуситҳо гузашт. Ҳоло дар он пойгоҳи ҳарбии АМА қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ