Тренери «Помир» вафот кард

Футболбоз ва мураббии маъруф Иштван Йожифович   Секеч рӯзи 28 январ дар синни 80 аз олам чашм пӯшид. Иштван Секечи венгер (маҷорӣ)  дар солҳои 60 дар дастаҳои машҳури «Динамо» (Киев) ва «Черноморетс» (Одесса) бозӣ карда, соли 1973 собиқаи мураббигиашро аз дастаи «Помир»-и Душанбе оғоз кард. Соли 1977 «Помир» таҳти роҳбарии Иштван Секеч барои бори аввал дар мусобиқоти лигаи аввали қаҳрамонии футболи СССР соҳиби ҷои панҷум шуд. Секеч дар даврони истиқлол низ ба Тоҷикистон баргашт ва чандин сол дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «ССКА Помир»-ро машқ дод.

Иштван Секеч 3 декабри соли 1939 дар Берегово, шаҳраке дар минтиқаи Закарпатеи Украина ба дунё омадааст. Ӯ аслан маҷоритабор буд ва тамоми аҳли оилааш, аз ҷумла падари ӯ Йожеф ва бародарашон Иосиф, Андрей ва Василий футболбоз буданд. Вале аз миёни онҳо шуҳрати аз ҳама бештарро Иштван Секеч ба даст овард.

Иштван Секеч собиқаи футболбозиашро аз «Спартак” (Ужгород) оғоз карда, сипас ба дастаи «Динамо”(Киев) ва аз онҷо ба «Авангард” (Тернопол) гузашт. Секеч ҳамчунин дар дастаҳои СКА (Лвов), ЦСКА (Маскав) ва СКА (Одесса) бозӣ кардааст. Вале нуқтаи авҷи шуҳрати ӯ ҳамчун бозигар солҳои 1967-1972 буд, ки ӯ дар ҳайъати «Черноморетс”-и Одесса ба майдон мебаромад. Танҳо дар ин даста Секеч дар 161 бозӣ 29 гол задааст. Соли 1973 Иштван Секеч ба собиқаи футболбозиаш нуқта гузошт ва собиқаи мураббигиашро аз дастаи «Помир”-и Душанбе(1973-1978) оғоз кард. Соли 1977 «Помир” таҳти роҳбарии Секеч бори аввал дар мусобиқоти лигаи аввали қаҳрамонии футболи СССР ҷои панҷумро ба даст овард ва ба Иштван Секеч унвони Мураббии шоистаи Тоҷикистон дода шуд. Ӯ соли 1979 барои ба лигаи олӣ баровардани дастаи «Карпати” (Лвов) сазовори унвони Мураббии шоистаи Украина ва соли 1983 барои мақоми 6-ум дар лигаи олиро ба даст овардани «Пахтакор”-и Тошканд соҳиби унвони Мураббии шоистаи Ӯзбекистон шуд. Соли 2003, дар синни 64-солагӣ Иштван Секеч ба Тоҷикистон баргашт ва солҳои 2003-2005 дастаи «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва соли 2006 «ЦСКА-Памир»-ро машқ дод. Ӯ бори дигар соли 2013 ба Тоҷикистон омад ва як сол мушовир-мурабии «ЦСКА-Памир» буд. Баъди ин Иштван Секеч барои доим ба футбол хайрбод гуфт ва бознишаста шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *