шашгоник

Шашгоникҳои дар Суғд таваллудшуда фавтидаанд

Имрӯз, 12-уми январ Нурӣ Дадабоева, сардухтури таваллудхонаи вилояти Суғд аз фавти шашгоникҳое хабар додааст, ки дирӯз таваллуд шуда буданд.

Сабаби аслии фавти навзодонро табибон дар пеш аз мӯҳлат ба дунё омаданашон гуфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 11-уми январ дар Беморхонаи марказии вилояти Суғд шашгоникҳо ба дунё омаданд. Модари шашгоникҳо Муборак Соҳибова аз ноҳияи Спитамен буда, ду кӯдаки навзод писар ва чортои дигар духтар будаанд. Гуфта мешуд, ки вазъи модар ва кӯдакон хуб буда, вазни онҳо аз 600 то 700 грамро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *