Бахтиёр Шоҳев

Боздошти табибе, ки мегуфт “Худоро дидам”

Бахтиёр Шоҳев, табибе, ки иддао карда буд “Худоро дидаму дӯсти Худоям”, аз ҷониби кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир шуд.

Нисбати ӯ дар асоси моддаи 462 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (“Барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ”) парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, тафтишот идома дорад.

Дар як навори “Ахбори ВКД”, ки аз 11-уми январ дар “Ютуб” дастрас аст, ӯ иқрор мешавад, ки ин ҳама сохтакорӣ ба хотири истифода аз эътиқодоти мардум ва ба ин васила дарёфти обрӯву нуфуз ва даромади зиёд буд.

Бахтиёр Шоҳев ягон маълумоти динӣ надошта, ҳатто намозро, ки аз асоситарин рукни ислом аст, ба ҷо намеовардааст. Ӯ бо омода намудани наворҳо бо забони русӣ мехостааст, ки ба ғайр аз мардуми тоҷик халқиятҳои дигарро ба худ ҷалб намояд ва ӯро ҳамчун нобиға эътироф намоянду ба зиёраташ оянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *