Бахтиёр Шоҳев

Бахтиёр Шоҳев: Худоро дидам, ҷавони қадбаланди сафедпӯсти зардмӯ буд…

Бахтиёр Шоҳев — табиб ва роҳбари маркази тиббии “Шоҳёр” чанд рӯз пеш дар саҳифаи «Ютуб»-и худ навореро паҳн намуд, ки баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадоҳои зиёдеро ба бор овард. Дар навор Бахтиёр Шоҳев қисса мекунад, ки гӯё “бо Хӯҷаи Хизр” вохӯрда ва ба “дидори ҷамоли Ҳақ” мушарраф шуда бошад.

Бахтиёр Шоҳев ҳамзамон нақл мекунад, ки “ман бисёр ғамгин мешудам, ки инсонҳо дар замин гуноҳ мекунанд, ҳамдигарро фиреб мекунанд. Ашкам барои халқ бисёр мерехт. Як рӯз ҳама гуноҳҳоро ҷамъ кардаму ҳамроҳи махлуқони дигар сайёраҳо гуноҳҳоро берун кардаму худам ҳамроҳи онҳо назди худо рафтам”.

Гӯё ӯ то “ба ҷамоли Ҳақ мушарраф шудан” маълумотҳоро баъд аз устодҳояш “тавассути Хӯҷаи Хизр” мегирифтааст. Ӯ мегӯяд, ки “агар офтобро дар як дастам ва моҳтобро дар як дастам диҳанд, аз суханам намегардам. Чизеро дидам, ҳамонро мегӯям, ки дар ҳақиқат худоро дидам. Як маротиба не, чандин маротиба”.

Тааҷҷубовар он аст, ки гӯё худованд ӯро мегуфтааст: “Биё дӯстам, дар барам нишин, ҳар гоҳе, ки хостӣ, биё. Ту дӯсти ман ҳастӣ. Агар ту дӯсти ман намешудӣ, ба ту роҳ нишон намедодам. Ман туро халқ кардам, то ба халқам кумак намоӣ”.

Бахтиёр Шоҳев бар он бовар аст, ки худо сифат дорад. Ба гуфтаи ӯ “худованд руҳ аст ва сифат дорад. Сифати ӯ як писари қадбаланди ҷавон аст. Мӯйи сараш зардчаи сурхчатоб аст, сафедпӯст аст ва аз рӯяш нур меборад”. Дар давоми ҳамин гуфтаҳо зикр мекунад, ки “агар сифатҳои дигари худовандро гӯям, дигарон аз он истифода мебаранд ва суханони маро такрор мекунанд”.

Ӯ ҳамроҳони худро, ки ду зан буданд, бовар кунониданӣ мешавад ва онҳо ҳар гуфтаи ӯро бо сар тасдиқ мекунанд. “Худованд низ руҳ дорад. Руҳаш аз баданаш берун ояд, чамшро кӯр мекунаду нобуд месозад”, — мегӯяд ӯ.

Наворро номбурда баъди чанде аз саҳифаи худ пок мекунад, вале он аллакай дар дигар сомонаҳо мунташир гардида, пуровоза шуд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар атрофи ин мавод зиёд навиштанд. Чанде аз он назарҳоро ин ҷо меорем.

Ёсуман Олимпур:

“Фикр мекунам, ин мард тахайюли бисёр бой дорад, ки шояд вақтҳои охир аз чаҳорчӯбаи қонунҳои мантиқиву фалсафиву равонӣ ва ҳатто динӣ берун шудааст. Худои меҳрабону якто ҳамеша бо мост, ба шарте, ки аз доираи кашидааш берун нашавем”.

Умед Джураев:

“Суханҳои бад нагӯед, чунки аз тарзи суханрониаш маълум, ин мард бемор аст. Вақте инсони дуруст ба суханҳои ин одам гӯш медиҳад, бояд дарҳол бифаҳмад, ки ин одам бемор аст, бемории руҳӣ дорад. Чизе, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест”.

Хайриддин Абдулло:

“Ин бечора дар фиреби олами ҷинҳо афтодааст…”.

Мо барои ҳамсуҳбат шудан бо Бахтиёр Шоҳев, ки дар Душанбе, дар маркази тиббии “Шоҳёр” фаъолият мекунад, кӯшиш кардем, натиҷа надод. Ӯро дар ҷои кораш пайдо накардем. Ба зангҳои пайдарпайи мо ҷавобе нашуд, то ӯ ба мо ин масъаларо шарҳ диҳад.

Мо ин мавзуро пайгирӣ менамоем.

Идибеки САИД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *