доктор

Иқдоми СҶТ дар Тоҷикистон: Кормандони соҳаи тиб бо дучарха хизмат мерасонанд

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) барои кормандони соҳаи тиб дучарха таъмин менамояд, то тавонанд хидматҳои муҳими тиббиро дар хонаҳои одамон расонанд.

Бино ба иттилои Дафтари СҶТ дар Тоҷикистон, бо дастгирии Эътилоф барои ваксинаҳо — GAVI тавассути муассисаи COVAX, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) зиёда аз 3000 дучархаро барои кормандони соҳаи тиб таҳвил додааст, ки онҳо мунтазам ба хонаводаҳо ташриф мебаранд, то тавонанд ба одамон дар хона хидматрасонии тиббии заруриро таъмин намоянд.

Гуфта мешавад, ки аллакай дар ноҳияи Шаҳринав бо ҳузури муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доктор Амирзода Абдухолиқ Амир ва доктор Гундо Вейлер, директори Бахши дастгирии кишварии Дафтари минтақавии СҶТ барои Авурпо дучархаҳо ба таври расмӣ таҳвил дода шуданд.

— Дучархаҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвар ба кормандони соҳаи тиб таъмин карда мешаванд. Бастаи нахустини иборат аз 1593 дучарха дар аввали соли 2022 тақсим карда шуд. Бо интиқоли 1473 дучархаи дигар ҳоло СҶТ ба ҳар як муассисаи кумаки аввалияи тиббӣ-санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадди ақал як дучарха додааст, то кумакҳои аввалияи тиббӣ ба хонаводаҳо расонида шаванд. Боздиди кормандони соҳаи тиб аз хонаҳо барои пешбурд ва ҳифзи саломатии аҳолӣ хеле муҳим мебошад. Кормандони соҳаи тиб ҳангоми боздид аз хона ба оилаҳо барои пешгирӣ аз бемориҳо иттилооти муҳим медиҳанд. Онҳо инчунин метавонанд одамонро дар ҳолати зарурӣ ба муассисаи тиббии наздиктарин равона кунанд. Масалан, кормандони соҳаи тиб метавонанд дар бораи эмкунӣ маълумот пешниҳод намоянд ва шарҳ диҳанд, ки чаро ва чӣ гуна ваксинаҳо метавонанд оилаҳоро аз бемориҳо дар амон нигоҳ доранд,- меафзояд манбаъ.

“Ман ба оилаҳо мегӯям, ки кадом ваксинаҳо барои фарзандони онҳо зарур аст ва мепурсам, ки кӯдакон чӣ мушкилиҳо доранд. Зимни боздид аз оилаҳо дар хона боварии онҳоро ба даст меорам»,- мегӯяд ҳамшираи оилавӣ аз ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон.

Гуфта мешавад, ки наздик овардани хизматрасониҳои асосии тиббӣ ба ҷомеаҳо барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемориҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти ҳалкунанда дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор шудааст, ки кумаки аввалияи тиббию санитариро тақвият бахшад ва шарикон бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ уҳдадор шудаанд, ки ба ин ҳадаф ноил гарданд.

Дучархаҳои аз ҷониби СҶТ овардашуда мисоли олии ин уҳдадорӣ ва амалҳои мушаххаси ҳукумат ва шарикони байналмилалӣ оид ба беҳтар намудани соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *