Шавкат Мирзиёев: Бо расонаҳо бояд дӯстӣ кард

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз расонаҳо пуштибонӣ кард. Ҳарчанд ба ӯ пешниҳод шудааст, ки чанде аз расонаҳоро бандад, аммо дар посух не гуфтааст.

Шерзод Асадов, сухангӯи Президенти Узбекистон гуфтааст, ки Шавкат Мирзиёев зимни боздид аз мактаби рақами 71-и ноҳияи Қаршӣ бори дигар пуштибонии худро аз расонаҳо баён кардааст.

“Мо садои одилонаи мардумро нашунидем, зеро кишвари пӯшида будем. Аз расонаҳо пуштибонӣ намекардем ва нашунидем. Ба шумо писанд аст, ки бӯйи озодӣ ба машоматон расад? Барои ман писанд аст. Бале, дар чунин шароит кор кардан душвортар аст. Онҳо ба ман мегӯянд, ки «расонаҳоро банд». Вале ман намебандам», — изҳор доштааст Шавкат Мирзиеёв.

Зимнан, Шавкат Мирзиёев гуфтааст, ки бо расонаҳо бояд дӯстӣ кард.

«Бигузор гӯянд, вале одилона. Бигузор, танқид кунанд, аммо танқиди дуруст. Агар аз онҳо ба деҳа, мактаб ва маориф манфиате бирасад, ин хеле хуб аст. Ман ҳар рӯз, аз ҷумла Интернетро мехонам. То ҳадди имкон барои ин ду соат ҷудо карда, бо қалам барои худ қайдҳо низ мекунам. Аз 10 назар, 9 — тоаш дуруст аст. Ин самти дуруст аст? Дуруст аст», — илова кардааст Президент.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *