Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ: Аз Шавкат Мирзиёев тақозо дорам, ки…

Агар Ҳаёт Неъмат зинда мебуд, ба ҳамоиши Сарони кишварҳои туркзабон дар Самарқанд ва маркази туркзабонон эълон гаштани ин шаҳри бостонии тоҷикон чӣ мегуфт?

… Шумо дар интихобот аз Шавкат Мирзиёев ҷонибдорӣ кардед?

— Миёни чор номзад Шавкат Мирзиёев аз ҳама арзандатарин буд. Ӯ иқтисодиёт, сиёсати хориҷаю дохиларо хуб медонад. Мардум ба вай эътимод доранд. Ман натанҳо ба тарафдориаш овоз додам, балки миёни тоҷикони Ӯзбекистон ташвиқот бурдам, ки дар интихобот ӯро дастгирӣ кунанд. Ҳамин тавр ҳам шуд: тоҷикони Ӯзбекистон ба тарафдории Шавкат Мирзиёев овоз доданд.

— Гуфтанӣ ҳастед, ки тоҷикони Ӯзбекистон дар Президент интихоб шудани Шавкат Мирзиёев нақш доранд?

— Албатта, доранд. Ва на танҳо тоҷикон. Ман пеш аз интихобот як маротиба ба Ӯзбекистон рафта, дар Самарқанду Бухоро ва Тошканд бо мардум суҳбат кардам. Мушоҳида кардам, ки ҳама ҷонибдори ӯ буданд ва эътимод дорам, ки ҳама тоҷикон ба ӯ овоз доданд.

— Тақозои мардум аз Шавкат Мирзиёев чӣ буд? Чӣ чиз водор сохт, ки маҳз ӯро Президент интихоб намуданд?

— Ҳангоми ба Ӯзбекистон рафтан ва бозгашт ман  бо табақаҳои гуногуни мардуми Ӯзбекистон — ҳам  ӯзбекҳо ва ҳам тоҷикон суҳбат доштам. Дар суҳбатҳо, мулоқотҳо дарёфтам, ки тақозои асосии мардум аз Шавкат Мирзиёев кушодани сарҳади миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва бекор кардани раводид буд.

Албатта, интизориҳои зиёди дигар ҳам ҳаст. Мардум дар ҳама соҳа табаддулот мехоҳад. Шавкат Мирзиёев баъди марги Ислом Каримов сари қудрат омад ва аввалин коре, ки кард, бо Тоҷикистон муносибат барқарор намуд. Намоянда фиристод, масоили ҳамкории фарҳангиву иқтисодиву иҷтимоиро ба миён гузошт. Дар масъалаи сарҳад ҳам баррасиҳо сурат гирифт. Бинобар ин, интизории мардумро бароварда карда, масоили сарҳад ва раводидро ҳал кунад, ҳама мушкилоти дигар дар ин замина ҳалли худро меёбанд.

— Шумо бовар доред, ки ин интизориҳои мардум амалӣ мегарданд, сарҳад миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон кушода, раводид миёни ин ду кишвар бекор мешавад?

— Албатта. Роҳи дигаре вуҷуд надорад. Мардуми тоҷику ӯзбек дар Осиёи Марказӣ аз ҳама наздиканд, равобити хонаводагӣ доранд, ин риштаи ба ҳам пайвандро гусастан кори осон нест. Ба эътибор нагирифтани ниёзҳои мардум оқибатҳои хуб надорад. Тоҷикони Ӯзбекистон хеле зиёданд ва муттаҳид ҳам ҳастанд. Дар қиёси тоҷикони Тоҷикистон онҳоро маҳал не, миллату фарҳанги ягона ба ҳам пайванд месозад.

Худи шумо ҳамчун намояндаи тоҷикони Ӯзбекистон аз Шавкат  Мирзиёев чӣ умед доред?

— Ман ҳам мисли мардум. Аммо агар умр амон диҳаду имкони вохӯрӣ бо Мирзиёевро пайдо кунам, чанд масъаларо ба миён монданӣ ҳастам.

— Чӣ масъалаҳоро?

— 23-майи соли 1990 бо пофишории ман Ҳизби коммунисти вилояти Самарқанд як фармон бароварда буд. Он чунин буд: «Ба тоҷикони Самарқанд, аз рӯйи худшиносӣ, иваз кардани миллат иҷозат дода шавад». Ин фармон то ҳол бекор нашудааст. Аввал ин ки, фармон дар сатҳи давлатӣ бароварда шавад. Дуюм, забони тоҷикӣ дар қаламрави Ӯзбекистон чун забони дувум ба расмият шинохта шавад. Сеюм. Ман 33 сол дар соҳаи маориф кор кардам. Соли 1968 дар ду мактаб — мактаби №3-и деҳаи Арабхона ва мактаби №27-и деҳаи Мотарик таҷрибае гузарониданд. Синфҳои 1-5-ро пурра ӯзбекӣ карданд, синфҳои аз 6 то 11 тоҷикӣ боқӣ монданд. Баъди 5 сол мактабҳо куллан ӯзбекӣ шуд. Кӣ панҷ сол ӯзбекӣ мехонаду баъдан хонданро ба тоҷикӣ давом медиҳад? Ин як ҳилла буд, ки гузашт ва дар дигар мактабҳо ҳам онро ҷорӣ карданд. Ҳамин тавр, дар Ӯзбекистон мактаби тоҷикӣ намонд. Ҳоло ман мехоҳам, ки мактабаҳои тоҷикӣ аз нав барқарор шаванд. Чорум пешниҳоди барқарор кардани китобхонаҳост.

— Ҳозир дар Самарқанд чанд мактаби тоҷикӣ ҳаст?

— Се-чорто мактаби омехта.

— Агар  рафту Шавкат Мирзиёев пешниҳодҳои шуморо қабул кард, аз ин ба Ӯзбекистон чӣ фоида?

— Озодии тоҷикон ва роҳандозии пешниҳодҳои ман ба фоидаи ӯзбекҳо аст. Чанд сол пеш дар ҷашни Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ширкат доштам. Қосим Раҳбарович раиси вилоят буд, маро чун намоянда барои ширкат дар тантанаҳои ҷашнӣ ба ноҳияи Нов фиристоданд, ки он ҷо 86 % ӯзбекзабононанд. Ман дар мулоқот бо мардум гуфтам, ки ӯзбекони Тоҷикистон назар ба ӯзбекони Ӯзбекистон хушбахттаранд, зеро онҳо дар ин ҷо дар робита бо тоҷикон Навоиро метавонанд хонда фаҳманд. Аммо ӯзбекони Ӯзбекистон забони ӯзбекиро аз тоҷикӣ канданд. Дар натиҷа, ҳарчанд «Навои бобомиз» гуфта, сина мекӯбанд, аммо ӯро намефаҳманд, зеро адабиёту фарҳанги ӯзбекон бо тоҷикон сахт алоқамандӣ доранд.

Аслан, тафриқагузорӣ ба фоидаи ҳеҷ кас ва ҳеҷ давлате нест. Агар ҳуқуқу озодиҳои тоҷикон дар Ӯзбекистон таъмин шавад, амнияти ин кишвар ҳам осебнопазир мешавад, тоҷикон дар рушду нумӯи Ӯзбекистон бештар саҳм мегиранд.

— Устод, шумо ва ҳаммаслакони шумо сабаб шудед, ки чароғи забону фарҳанги тоҷикон дар Ӯзбекистон то ба ҳол фурӯзон бошад. Аммо аҳли илму адаби тоҷики Ӯзбекистон қариб ҳама дар синну соли пирӣ ҳастанд. Оё миёни ҷавонон ҳастанд нафароне, ки дар оянда корҳои шуморо идома диҳанд ва ҳавзаҳои адабии Бухорову Самарқанду Шаҳрисабзу Тирмизро пеш баранд?

— Дар Бухоро аниқ нест. Дар Самарқанд ҳастанд ҷавонон. Ба шумо як чизро мегӯям: дар Самарқанд ҳеҷ гоҳ фарҳанги тоҷикӣ, забони тоҷикӣ аз байн намеравад.

— Аммо мегӯянд, ки руҳи тоҷикӣ аз тоҷикони Ӯзбекистон рафтааст?

— Ман наберачае дорам,  номаш Анӯша. Ӯ 4-сола буд. Як бегоҳ барномаи солинавӣ мерафт. Дар барномаи солинавӣ Бобои Барфиро нишон медоду ровӣ ҳар замон ба ӯ «Қорбобо» гуфта муроҷиат мекард. Анӯша ба ман нигаристу гуфт: «Бобо, ин тарҷума кардосад-мӣ?». «Чиро, бачем»,- аз ӯ пурсидам. Маънои калимаи тарҷумаро фаҳмидани кӯдаки чорсола маро дар ҳайрат гузошт. «Бобои Барфиро Қорбобо гуфтосад», — бо ҳаяҷон гуфт Анӯша. Бубинед, ки як кӯдаки 4-сола чӣ тавр ба забони модариаш эҳтиром дорад… Магар ин худшиносиии тоҷикӣ нест? Дар қиёси Тоҷикистон дар Ӯзбекистон худшиносии миллӣ дар авҷ аст. Шумо фикр кардед, ки чор донишҷӯро бурда, дар телевизион дар бораи худшиносӣ гап задан худшиносист. Не! Дар ҷое, ки маҳалгароӣ ҳаст, худшиносии миллӣ буда наметавонад. Дар Ӯзбекистон худшиносии миллии тоҷикӣ бештар аст.

— Ин худшиносӣ дар чӣ ифода меёбад?

— Миллаташонро дӯст медоранд, бо вуҷуди ин ҳама фишорҳо забонро гум накарданд.

Шариф ҲАМДАМПУР,

соли 2017

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *