Наздики 2000 медал. Дастоварди варзишгарони Хатлон

Дар нуҳ моҳи соли равон варзишгарони вилояти Хатлон дар 21 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кардаанд. Аз иштирок дар мусобиқаҳои байналмималии варзишӣ онҳо ба 109 медал сазовар гардидаанд.

Қурбонзода Қурбоналӣ, сардори Раёсати ҷавонон ва варзиш дар вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки давоми соли ҷорӣ варзишгарони вилояти Хатлон дар беш аз 102 чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда, сазовори 1871 медал гардидаанд. Ӯ мегӯяд, ки аз ин 562 медали тилло, 586 нуқра ва 723 медалаш биринҷӣ мебошад.

Ба таъкиди вай, ҳамчунин дар ин муддат варзишгарони вилояти Хатлон дар 21 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат кардаанд, ки сазовори 36 медали тилло, 27 нуқра ва 46 медали биринҷӣ гардидаанд. “Варзишгарон дар умум аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 109 медал ба даст оварданд”,- афзуд вай.

Ба гуфтаи мавсуф, варзишгарони вилояти Хатлон аз ҳамаи мусобиқаҳои варзишӣ дар умум 1 ҳазору 980 медал ба даст овардаанд, ки аз ин 598 медали тилло, 613 медали нуқра ва 769 медали биринҷӣ мебошад. Ин нисбати ҳамин давраи соли 2021-ум 187 медал зиёд мебошад.

Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.