Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа ба Душанбе омад

Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа рӯзи панҷшанбеи 5-уми апрел бо сафари корӣ ба Душанбе омад. Дар ин бора  аз дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои ин манбаъ, ҳайати вакилони AFC таҳти раҳбарии Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа пас аз сафари дурӯзаи корӣ ба Шри-Ланка аз пойтахти ин кишвар шаҳри Коломбо ба Душанбе омад.

Раҳбари футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа ва дабири кулли AFC Дато Виндзор Ҷон дар ҷараёни сафари кории худ ба Душанбе бо мақомоти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқот анҷом медиҳанд.

Дар ин мулоқот масоили рушди футбол дар минтақа, аз ҷумла дар Тоҷикистон, баррасӣ хоҳад шуд. Инчунин меҳмонон имрӯз, 6-уми апрел, дар маросими ифтитоҳи майдончаҳои хурди футбол, ки бо сармоягузории AFC дар шаҳри Душанбе сохта шудааст, ширкат меварзанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *