Таронаи «Човандоз” -и Шабнами Сурайё рақами 1 дар Тоҷикистон гаштааст.

Э бача, бгу, ишқи т моем ё асп?

Чун зиндагии тра шдай маьно асп?

Таронаи «Човандоз” дар иҷрои Шабнами Сурайё бар матн ва оҳанги Шоираи Раҳимҷон аз камшумор таронаҳоест, ки ҳанӯз то нашри расмиаш дар саросари Тоҷикистон танин андохт ва ба таронаи рақами як табдил ёфт. Ҷолиб он аст, ки ба гуфтаи Шоираи Раҳимҷон, ин тарона бо ташаббуси Ҳоҷӣ Ҷонибеки човандоз ба майдон омадааст.

Ин шаби рӯз аз баландгӯҳои тақрибан ҳамаи дӯконҳои фурӯшти сабтҳои мусиқӣ дар бозору фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон бештар аз ҳама ва баландтар аз ҳама таронаи «Човандоз” дар иҷрои овозхони шинохта Шабнами Сурайё садо медиҳад. Дар қисмати тоҷикӣ ва нафақат тоҷикии Интернет низ пуртамошобинтарин таронаи ин шабу рӯз ҳамин «Човандоз” аст.

Ва ин аз ангуштшумор мавридҳоест, ки як таронаи тоҷикӣ ҳанӯз то нашри расмиаш чунин дунёгир мешавад ва ба таронаи рақами як дар кишвар табдил меёбад.

Матну оҳанги таронаи «Човандоз”-ро Шоираи Раҳимҷон дар ҳавои таронаҳои халқӣ ва бо шеваи мардумӣ хеле содаву зебо эҷод кардааст, ки дар баробари ҳунари чун ҳамеша зебои Шабнами Сурайё як сабаби дигари чунин зуд роҳ ёфтанаш ба дили мардум шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *