Шералӣ Кабир ба Исфара рафту супоришҳо дод

Ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шерали Кабир аз ин шаҳр боздид ба амал овард.

Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Исфара, вазири саноат бо роҳбаладии раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода аз ҷамъиятҳои саҳомии «Корхонаи кимиёвӣ», «Тамохуш», Комбинати консервбарорӣ, «Нилуфар» ва «Шираи гандум» дидан намуда, бо вазъи фаъолияти онҳо аз наздик ошно шудааст.

Зимни суҳбат бо саноатчиён Шералӣ Кабир таъкид доштааст, ки барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар ва рушди соҳа қабл аз ҳама роҳандозии тадбирҳое чун ташкили минтақаи озоди саноатӣ-инноватсионӣ, ҷалби сармоягузорони потенсиалӣ ва воридсозии технологияи пешқадам, ташаккули системаи пешбурди лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва иқлими созгори инвеститсионӣ лозим аст. Ба гуфтаи ӯ, амалишавии ин тадбирҳо имконият медиҳад, ки масъалаҳои иҷтимоии Исфара, махсусан таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва мушкилоти инфрасохтор ҳал карда шавад.

Ҳамзамон, вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир ба масъулини соҳа доир ба ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, бобати истеҳсоли маҳсулоти баландсифату рақобатпазир, истифодаи технологияҳои муосир ва дар ин замина афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти мутобиқ ба талаботи бозор дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *