Шерализода аз раисӣ рафту вакили парлумон шуд

Раиси пешини Варзоб, ки чанде қабл бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барканор шуд, ҳамчун вакил аз ҳавзаи интихоботии Рӯдакӣ вориди Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегардад.

Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, Маҳмадулло Шерализода бо гирифтани 77 ҳазор овоз ва ё наздики 55%-и оро вакил аз ҳавзаи интихоботии Рӯдакӣ №9 шуд.

Вакили қаблӣ аз ҳавзаи Рӯдакӣ Усмонзода Хайриддин Усмон буд, ки аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳур таъйин гардид.

Маҳмадулло Шерализода бо фармони Президенти Тоҷикистон охири моҳи июли соли равон аз вазифаи раиси ноҳияи Варзоб барканор шуда буд. Сабаби барканории ӯ гузаштан ба кори дигар гуфта мешуд.

Интизор меравад, фаъолияти вакилии ӯ аз Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки 24-уми августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе даъват гардидааст, оғоз шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *