Донишгоҳи миллӣ бо хобгоҳ таъмин намудани донишҷӯёнро оғоз кард

Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба диққати донишҷӯёни донишгоҳ расонидааст, ки ба хобгоҳ таъмин намудани донишҷӯён (аз ноҳияҳои дурдаст) аз имрӯз, 22-юми август оғоз шуд.

Раёсати ДМТ зимнан рӯйхати ҳуҷҷатҳоеро ироа доштааст, ки бо ин мақсад зарур мешаванд:

1. Ариза ба номи ректор (бо розигии садорати факултет);

2. Нусхаи шиноснома;

3. 4 дона сурати 3х4;

4. Маълумотнома аз факултет (тасдиқ намудани довталаб ҳамчун донишҷӯ);

5. Маълумотнома аз хобгоҳ (барои курсҳои болоӣ, ки аз хобгоҳ ба донишҷӯ соли гузашта дода шудааст);

6. Маблағи яксолаи хобгоҳ 700 сомонӣ (хазина дар назди бино);

7. Ҷузвдон (папка).

— Қабули ҳуҷҷатҳо ва тақсимот ба хобгоҳ ҳамарӯза (ғайр аз рӯзҳои якшанбе) аз соати 8:00 то 18:00 дар Шаҳраки донишҷӯён, воқеъ дар маҳаллаи Буни ҳисорак, рӯ ба рӯйи бинои факултети фалсафа, толорҳои «Ғ»-ҳо (Ғ-6) сурат мегирад,- иттилоъ додааст манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *