Шиканҷакунанда худ зиндонӣ шуд

Бо ҳукми суди низомии гарнизони Хуҷанд аз 30 январ корманди собиқи ШВКД шаҳри Хуҷанд Шуҳрат Шамсиддинов ба 13 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуд.

Шамсиддиновро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – 143, прим1, қисми 3 (шиканҷа бо расондани осеби вазнин ба саломатӣ), 358 (боздошти ғайриқонунӣ) ва 247, қисми 3 (қаллобӣ ба маблағи бузург) гунаҳкор шинохт.

Шуҳрат Шамсиддинов – гумонбари сеюм дар парвандаи пурсарусадои ба худкушӣ расондани узви собиқи ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) дар ноҳияи Ашт Комил Хоҷаназаров буд. Ӯ қариб як сол дар ҳоли фирор қарор дошт ва моҳи декабри соли 2018 дар ҳудуди вилояти Бодканди Қирғизистон дастгир гардида, ба Хуҷанд оварда шуд. Шамсиддинов, ки худ зода ва сокини ҷамоати бо Бодканд ҳаммарзи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд, ин ҳама муддат дар қаламрави кишвари ҳамсоя, дар хонаи яке аз шиносҳояш пинҳон будааст. Парвандаи худкушии Комил Хоҷаназаров яке аз пурсарусадотарин парвандаҳои як соли охир дар вилояти Суғд ба шумор меравад ва алакай боиси зиндонӣ шудани ду корманди мақомот шудааст.Суди ҳарбии гарнизони вилояти Суғд рӯзи 19 июни соли 2018 Латифҷон Юлдошев – собиқ корманди фаврии бахши ҷустуҷӯи ҷиноии РВКД вилояти Суғд ва корманди низ собиқи шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Ашт Муҳаммад Наимовро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар шиканҷа, ҳабси ғайриқонунӣ ва маҷбур кардани гумонбар ба додани нишондоди бардурӯғ гунаҳкор шинохт. Юлдошев ба 13 сол ва Наимов ба 12 соли зиндон маҳкум шуданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *