Номи масҷидро иваз карду “миллатчӣ” шуд

«Ман ягон гуноҳ надорам, вале маро моддаи 189, қисми 2 зада, барои миллатчигӣ маҳкам карданд.” Ин охирин паёми Бурҳониддин Сафаралиев, раиси маҳаллаи Сайёд (собиқ Оқулии поён)-и ҷамоати Ҳисори шаҳри Ҳисор қабл аз боздошташ аст. Сафаралиевро шоми 31 январ боздошт ва бар асоси қисми дуюми моддаи 189-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба барангехтани кинаву адовати миллӣ бо истифода аз мақоми давлатӣ айбдор карданд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Сокинони ӯзбектабори Сайёд раиси маҳалларо айбдор кардаанд, ки миллатчигӣ карда, махсус номи масҷиди деҳаро, ки ба исми Мулло Аҳмадқул-бобо буд, иваз кардааст. Вале худи ӯ гуфтааст, ки тағйири ном масҷид талаби мақомоти амниятӣ буд, зеро ду набераи Мулло Аҳмадқул-бобо ба Сурия рафта, ба гуруҳҳои террористӣ пайвастаанд.

«Ман ягон гуноҳ надорам, вале маро моддаи 189, қисми 2 зада, барои миллатчигӣ маҳкам карданд. Бидонед, ки ман гунаҳкор нестам!” Ин охирин паёми Бурҳониддин Сафаралиев, раиси маҳаллаи Сайёди ҷамоати Ҳисор аст, ки шоми 31 январ қабл аз боздошташ аз шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор тавассути телефон фиристодааст.

Ба гуфтаи сокинони Сайёд, Бурҳониддин Сафаралиевро шоми 31 январ барои бозпурсӣ даъват карданд ва баъди пурсиш ба боздоштгоҳ бурданд.

Ба зидди раиси маҳалла як гуруҳи сокинони ӯзбектабори Сайёд шикоят карда, ӯро ба миллатчигӣ айбдор кардаанд. Онҳо аз ҷумла даъво кардаанд, ки Бурҳониддин Сафаралиев номи масҷиди панҷвақтаи деҳаи Сайёдро, ки масҷиди панҷвақтаи ба номи Мулло Аҳмадқул-бобо ном дошт, ба сабаби ӯзбек будани Мулло Аҳмадқул тағйир додааст.

Аммо Бурҳониддин Сафаралиев гуфтааст, ки тағйири номи масҷид бо ташаббуси ӯ набуд, балки мақомоти амниятӣ талаб кардаанд, ки номи масҷиди деҳаи Сайёд иваз карда шавад. Бино ба иттилои мақомоти амниятӣ, ду набераи Мулло Аҳмадқул-бобо ба Сурия рафта, ба гуруҳҳои террористӣ пайвастаанд ва ба номи вай боқӣ гузоштани номи масҷид ҷоиз нест.

Вале сокинони ӯзбектабори Сайёд тағйири номи масҷидро кори дасти раиси маҳалла шумурда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят бурдаанд, ки Бурҳониддин Сафаралиев миллатчигӣ мекунад.

Ҳоло ба Бурҳониддин Сафаралиев бар асоси қисми дуюми моддаи 189-уми Кодекси ҷиноятӣ барои барангехтани кинаву адовати миллӣ бо истифода аз мақоми давлатӣ аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале худи ӯ гуфтааст, ки худро гунаҳкор намешуморад, зеро иваз кардани номи масҷиди деҳа на бо ташаббуси ӯ, балки бо талаби мақомоти амниятӣ сурат гирифтаааст.

Бурҳониддин Сафаралиев 46 сол дорад ва падари 4 фарзанд аст, ки хурдиаш дар синфи 3 мехонад. Ӯ қаблан раиси маҳаллаи фақат деҳаи Сайёд-1 буд, вале баъдан раҳбарии деҳаи Сайёд-2-ро, ки дар теппаҳои Уртабуз сохта шуд, низ ба вай супурданд.

Сокинони Сайёд мегӯянд, Сафаралиев як раиси хеле фаъол буд ва бо ташаббуси вай дар деҳаи Сайёд хатти барқ гузаронда, аз умқи беш аз 100 метр об бароварданд ва ҳамчунин роҳҳои деҳаро низ тариқи ҳашар сангфарш карданд.

Исми Бурҳониддин Сафаралиев дар ин авохир чанд маротиба дар сархатти хабарҳо аз Ҳисор қарор гирифт.

Ӯ фарзанди Домулло Абдураҳмон, як рӯҳонии маъруф аз Қалъаи Ҳисор аст, ки соли 1993 аз ҷониби ҷангиёни Фронти халқӣ кушта шуд ва фарзандонаш соли 2017 аз мақомот талаб карданд, ки қотилони падарашонро ёфта, ба ҷавобгарӣ бикашанд.

Ин талаб боис шуд, ки як гуруҳи ҷанговарони собиқи Фронти халқӣ бародарон Сафаралиевҳоро ба қасдан ба ҳам задани вазъият дар минтақаи Ҳисор ва тарафдорӣ аз Иттиҳоди собиқи мухолифин ва ҳизби дар Тоҷикистон феълан мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) айбдор карданд. Сафаралиевҳо он аъзои собиқи Фронти халқиро ба додгоҳ кашонда, узви ҲНИТ набудани худро исбот карданд ва аз яке аз даъвогарон товон низ рӯёнданд. Дар додгоҳ маълум шуд, ки Бурҳониддин Сафаралиев узви ҳизби халқии демократӣ ва як бародараш узви ҳизби коммунист будаанд.

Номи Бурҳониддин Сафаралиев бори дигар дар тирамоҳи соли гузашта дар робита ба вазъи зиндагии Зуҳро Сайфуллоева, як зани фақир, ки бо 6 кӯдакаш дар як вагони вайрона дар канори деҳаи Сайёд зиндагӣ мекард, дар сархатти хабарҳо афтод. Хабарнигорони «Озодӣ” Зарангези Наврӯзшоҳ ва Амриддин Олимов маҳз бо даъват ва роҳнамоии раиси маҳаллаи Сайёд сарнавишти ин занро расонаӣ карданд ва дар байни ҳамагӣ як рӯз мардум бо иттифоқи ҳам барои ин оилаи муҳтоҷ ҳам хона хариданд ва ҳам онҳоро барои хеле муддат бо пулу асбобу анҷоми рӯзгор ва маҳсулоти хӯрока таъмин карданд.

«Ахбор» (ихтисор шуд)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *