Шикасти «Истиқлол» дар Теҳрон аз «Персеполис»
24-уми октябр дар шаҳри Теҳрон (Эрон) бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 дар гурӯҳи «Е» байни дастаҳои «Персеполис»-и Эрон ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар аввали вохўри шогирдони Игор Черевченко имкон доштанд, ки ҳисобро боз кунанд, аммо легионери даста Сенин Себай зарбаи пеналтиро натавонист хуб ба ҳадаф расонад. Дар натиҷа дастаи эрони бо задани ду гол, яке дар қисми аввал ва дигаре дар қисми дуюм аз ҷониби Саид Содиқи, пирўзии худро таъмин кард. Дар бозии дигари ин гурӯҳ «Ал-Наср» бо натиҷаи 4:3 «Ал-Дуҳайл»-ро маѓлуб кард.
Дар даври якум «Истиқлол» ба муқобили «Ал-Дуҳайл» бозиро мусови (0:0) анҷом дода, дар даври дуюм аз «Ал-Наср» бо ҳисоби 3:0 шикаст хўрд. «Истиқлол» бозии навбатиашро рўзи 7-уми ноябр дар Душанбе бо «Персеполис» баргузор хоҳад кард.
Ҳоло дар ин гурӯҳ дастаи «Ал-Наср» бо 9 имтиёз пешсаф аст. «Персеполис» 6 имтиёз дорад, «Ал-Дуҳайл» ва «Истиқлол» бо якимтиёзи дар зинаиҳои охир қарор доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ