Ваҳдат: 960 хонанда соҳиби мактаби нав шуд

Эмомалӣ Раҳмон сафари корияшро дар Ваҳдат бо ифтитоҳи бинои нави мактаби миёнаи рақами 95 идома дод.

Иншооти нави таълимӣ аз се ошёна иборат буда, дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкори ватандӯст Рустам Ҳикматуллоев аз рӯи лоиҳаи муосир бунёд ёфтааст ва барои 960 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

 Инчунин , дар шаҳри Ваҳдат дар масоҳати 3 гектар корхонаи хиштбарорӣ ба фаъолият шурӯъ кард.

Корхонаи нави истеҳсолӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Солҳои рушди саноат» солҳои 2022-2026 аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд гардидааст.

Гуфта мешавад, иншооти нав дар як шабонарӯз 30 ҳазор дона ва дар як моҳ 900 ҳазор дона хишти пухта тавлид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *