Шикасти сомонӣ. Кӣ гунаҳгор: ҳаннотон ё Бонки миллӣ?

«Бонки миллӣ огоҳ мекунад», «Бонки миллӣ пешгирӣ мекунад», «Бонки миллӣ имконият дорад»… Бонки миллӣ ягона мақомоте, ки сиёсати пулиро пеш мебарад. Даме ки сухан аз сиёсати пулӣ меравад, дар ин мақомот бояд беҳтарин мутахаcсисони соҳаи бонкӣ кор кунанд. Аз ин ҷост, ки мардум ба сухани ин сохтор бовар доранд ва дар асоси сиёсати он амалиёти пулӣ ба анҷом мерасонанд.

Ҳафтаи гузашта болонишин шудани доллар ва дар паси остонаи дар қарор гирифтани сомониро Бонки миллӣ чунин шарҳ дод: “Ҳолати мазкур ва таъсири дигар омилҳо (кадом омилҳо?)  талабот ба доллари ИМА-и нақдро якуякбора ба маротиб зиёд карда, ба мунтазам баланд шудани қурби фурӯши он ва фаъол шудани бозори ғайрирасмӣ сабаб гаштааст”. Шояд,  вале дар давоми ду рӯз дар худи Бонки миллӣ боло рафтани қурби долларро чӣ гуна метавон шарҳ дод?  Танҳо дар як рӯз болоравии  қурби доллар сабаб гардид, ки сомонӣ 2,2%  қурбашро аз даст диҳад. Бонки миллии Тоҷикистон барои ба низом даровардани қурби асъор оҷиз мондааст. Албатта, бо чормағзи пуч пур кардани кисса кори осон аст, аммо ҳақиқати талхро гуфтан, ба мардум фаҳмонидан дониш, малака, таҷриба, касбият ва боз чизҳои амсоли инро металабад. Як ҳақиқати талх он аст, ки дар тамоми дунё қурби асъор ҳам паст мераваду ҳам боло. Аммо дар Тоҷикистон нашудааст, ки қурби сомонӣ  баъди паст шудан боре боло рафта бошад. Чунин шудааст, ки дар тақдири сомонӣ афтидан ҳасту хестан нест. Ба Бонки миллӣ чӣ шуд? Чаро беш аз як  сол аст, ки   аз он танҳо ваъдаҳо, чораҳои маъмурию маҷбурӣ ба гӯшу назарҳо мерасанду халос. Магар ин сиёсати пулию молӣ шуд? Ин ҳама дар заминаи баста шудани бонкҳои тиҷоратӣ, корхонаҳо, соҳибкорӣ, ночизии содироту мушкилоти воридот  сурат мегирад.   

Доллар ва тақдири сомонӣ

Шуруъ аз соли 2015 қурби доллар босуръат рӯ ба болоравӣ дорад. Аммо ибтидои моҳи марти соли ҷорӣ нархи доллар нисбат ба сомонӣ ба таври бесобиқа  рӯ ба болонишинӣ овард.  Бонки миллии Тоҷикистон  11 апрел, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзӣ барои 1 доллар аз 8.8700 то 9.0200 сомонӣ, 1 евро аз 8.9600 то 9.5400 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1555 муайян кард. Бонк  мардумро ҳушдор медиҳад, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».

11 апрел қурби фурӯши доллар дар марказҳои мубодилаи асъор 9,02 сомонӣ нишон дода  шуда буд, як рӯз пеш аз ин ба 8,82 сомонӣ баробар буд.  Вале бо ин нарх ҳам харидани доллар ғайриимкон аст. Бештари  бонкҳо надоштани асъори хориҷии нақдро баҳона оварда, баъзеи дигар ба як нафар танҳо 200 доллар мефурӯшанд. «Бо бастани марказҳои мубодилаи асъор, — мегӯянд кормандони бонкҳо ва аз зикри номашон худдорӣ мекунанд, – вазъият аз буда ҳам бадтар шуд». Воқеият ин гуфтаро собит месозад. Як соҳибкор ба муаллифи ин сатрҳо гуфт, ки дар бозори «Ҳоҷӣ Шариф»-и шаҳри Қӯрғонтеппа саррофон дар дари дарвоза истода, кушоду равшан садо баланд мекунанд, ки «1 долларро 10 сомонӣ мехаранд».

Дар ин ҳолат дар бозори асъор ба истилоҳ «бозори сиёҳ» арзи вуҷуд кардааст, ки дар он тибқи баъзе маълумот, долларро метавон ба миқдори номаҳдуд аз рӯи қурби хеле баланд аз 9,5 сомонӣ ва зиёдтар аз он барои 1 доллар  харидорӣ намуд.  Ҳарчанд масъулини Бонки миллии Тоҷикистон вуҷуди бозори ғайрирасмӣ ё сиёҳро дар як соли охир дар кишвар рад мекунанд, аммо соҳибкорон мегӯянд, ки ин бозор побарҷост ва қурби доллар дар ин бозор аз қурби расмӣ то 50 сомонӣ барои сад доллар гаронтар аст. Дар Бонки миллии Тоҷикистон сабабҳои болоравии қурби доллар ва камчин шудани  асъори хориҷиро ба “номутаносибии тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон” вобаста дониста гуфтанд, ки ин дарозмуддат нест. Ҳол он ки дар охири моҳи феврали соли равон Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки болоравии нархи доллар дар бозорҳои кишвар муваққатист ва дар моҳҳои оянда вазъ ба эътидол хоҳад омад.  Аммо ранг бину ҳол пурс. Як муаммоест, ки дар кушодани он ақлҳо оҷизанд: дар вақту соати муайян боло ё поён бурдани қурби асъор, махсусан доллар дар Бонки миллӣ дар кадом “асос” сурат мегирад?

Баҳром Шарифов, иқтисодшиноси тоҷик  мегӯяд, ки  якбора боло рафтани қимати асъори хориҷӣ ҳодисаи фавқулода нест. Ӯ гуфт: «Ин ҳолат аз қабл пешбинӣ мешуд, зеро  моҳи январи соли ҷорӣ лимити барқ барҳам хӯрд ва бинобар ин фаъолияти корхонаҳо бештар шуд. Онҳо барои харидани таҷҳизоту ашёи хоми саноатӣ ба асъори хориҷӣ, бахусус, доллар эҳтиёҷ доранд». Баҳром Шарифов сабаби дигарро мавсими дамгирии муҳоҷирони кории тоҷик дар фасли зимистону аввали баҳор медонад, ки дар пайи он воридоти асъори хориҷӣ ба Тоҷикистон камтар шудааст. Ба гуфтаи ӯ,   аз тарафи дигар, дар ин давра давлати Тоҷикистон ба пардохти қарзҳои хориҷӣ ва фоизҳои онҳо шурӯъ мекунад, ки умдатан тавассути доллар сурат мегирад.

Бонк ҳаннотонро айбдор мекунад

Бонки милии Тоҷикистон итминон медиҳад, ки вазъи бозори дохилии асъор ва тағйирёбии қурби пули миллӣ зери мушоҳида ва назорати доимӣ қарор дошта, барои ба эътидол овардани ҳолати бозори нақдии хариду фурӯши доллар ва таъмини муътадилии тағйирёбии қурби пули миллӣ, тамоми чораҳои зарурӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалӣ карда мешаванд. Дар ин самт ҳамдастӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  маънои маҷбурсозиро дорад. Аммо Бонки миллӣ барои танзими асъори миллӣ, пеш бурдани  сиёсати пулӣ аз кадом фишангхои иқтисодӣ истифода мебарад ва сохторҳои иқтисодиро ҷалб мекунад?

Дар Буҷети давлатии соли 2017-и Тоҷикистон қурби расмии арзи миллӣ нисбати доллар — 9,16 сомонӣ зикр шудааст.   Ҳанӯз дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ин ҷойро доллар расман ишғол кард. Дар нуҳ моҳи дигар чӣ хохад шуд? Ҳоло сомонӣ зери фишор қарор гирифта,  нарху тарифҳо дар моҳи март 1,5% афзуданд.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, сатҳи таваррум дар моҳи январ 0,5%-ро ташкил дода, моҳи феврал то 1,1% боло рафт. Ҳамин тариқ, семоҳаи аввали соли равон мизони таваррум дар бахши истеъмолии кишвар аллакай ба 3,1% расид ва ин ҳам дар ҳолест, ки семоҳаи аввали соли гузашта нарху тарифҳо ба андозаи 2,1% ва аз рӯи натиҷаҳои соли 2016 ба миқдори 6,1% афзуданд.

Дар ҳамин ҳол, сатҳи таварруми солона — аз моҳи марти соли 2016 то моҳи марти соли 2017 ба 7,3% баробар шуда, ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 5,6%-ро ташкил дода буд. Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Нуриддин Қаюмов дар ин робита қайд менамояд, ки поинравии қурби пули миллӣ ба сатҳи некуаҳволии аҳолии ҷумҳурӣ таъсир мерасонад.  «Ба ҷуз маҳсулоти кишоварзӣ, дигар қариб ҳама гуна навъи маҳсулоти аз хориҷи кишвар воридгардида қимат мешавад, — мегӯяд ӯ. — Савдогарон ҳатто нархи маҳсулоти дар дохили кишвар истеҳсолшударо боло мебаранд, зеро дар шароити афзоиши сартосарии нархи маҳсулоту хизматрасониҳо, онҳо бояд ҳаёти рӯзмарраи худро таъмин намоянд».

Дар шарҳи масъала номбурда гуфт, масалан агар аз фурӯшандаи картошка сабаби боло бурдани нархи маҳсулотошро бипурсӣ, ки ӯ онро дар хориҷи кишвар бо асъори дигар нахаридааст, ҳатман посух медиҳад, ки дар рафи савдои паҳлуяш арзиши орду пойафзол ва чой низ зиёд шудааст, яъне ӯ ба қимат кардани маҳсулоташ маҷбур аст, то ки бо маблағи бадастоварда зиндагии оилаашро таъмин созад.

Бархе  болоравии долларро дар кишвар омили дигарро низ ном мебаранд. 3,5 миллиард сомоние, ки Бонки миллӣ ба бонкҳои тиҷоратии кишвар дода буд, мувозинати доллару сомониро хароб карданд. Дар асл ин 3.5 миллиард вуҷуд надошта, дар болои коғаз будааст. Бонкҳои тиҷоратӣ чӣ мегӯянд?

Чанд пешниҳоди Умаров

Ба андешаи Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор  вақте иқтисод заиф аст, қурби асъори миллӣ  меғалтад. «Мисоли ин Россия. Аммо Россия иқтисод дорад ва корхонаҳо фаъоланд. Вақте ки нархи нефту газ баланд шуд, қурби асъори Россия ҳам рӯ ба болоравӣ овард. Аслан, иқтисоди Россияро истеҳсолот ташкил медиҳад.  Ин истеҳсолот дар нефту газ ифода меёбад. Дар мо саноат вуҷуд надорад. Дуруғ мегӯянд, ки мо саноат дорем. Президентро фиреб мекунанд. Вақте ки ба Президент як корхонаро нишон медиҳанд, боз баъди як моҳ асбобу анҷоми ҳамон корхонаро бурда насб карда, лентаашро дар дигар ҷой мебуранд.  Приватизатсия гуфта, тамоми корхонаҳоро нест кардем. Корхонаҳоро  онҳое соҳиб шуданд, ки  умуман аз уҳдаи кор намебароманд.  Ин гуна мардум корхонаҳоро бо нархи хеле арзон хариданд, аммо барои фондҳои гардон ва инфрастуктура  пул надоштанд.  Бинобар ин, аксарияти корхонаҳо аз кор монданд. Яъне, дар бораи саноат ин гуна ашхос тасаввурот ҳам надоштанд. Асосан, корхонаҳоро ба одамони пулдор додан лозим буд».

Ҳоҷимуҳаммад Умаров барои қурби асъорро дар зинаҳои муайян нигоҳ доштан пешниҳод дорад, ки  бояд раванди барқарор намудани сектори хусусӣ тағйир дода шавад.  «Метавон бо рушди  соҳаи кишоварзӣ дар  заминаи инноватсия пеши роҳи беқурбшавии асъори миллиро гирифт.  Ёд дорам, дар тарафи Ромит аз ҳар як гектар замин 40-45 тонна ҳосили помидор мегирифтанд.  Ку имрӯз ҳамон помидор? Ҳозир технология рӯйи кор омадааст, ки аз як гектар то 500 тонна помидор мегиранд. Куҷост ин технология? Барои чӣ ба Тоҷикистон наомада истодааст?

Касе ки дар соҳаи молияи давлатӣ кор мекунад, вай дар муддати кӯтоҳ наметавонад, ки ба шароити бонкдорӣ мутобиқ шавад. Масалан, давраи Сталинро мегирем. Вазири молия  Зверин буд. Тамоми умр дар як вазифа кор кард ва бо ҳамин ба нафақа рафт. Ӯро касе ба ин ё он вазифа даъват накард. Яъне, ҳар касе дар соҳаи бонкдорӣ кор кардан мехоҳад, аз назария ва амалияи ин бахш хуб хабардор бошад. Махсусан, аз бонкдории  ҷаҳонӣ маълумот дошта бошад. Бояд донад, ки дар куҷо шикасти бонкӣ  ҳаст, то ки он ҷо  сиёсати дурусти  бонкӣ бурда шавад.  Бонки миллӣ сиёсати бонкдориро пеш мебарад.  Дар  сиёсати бонкдорӣ мо бояд мутахассисони сатҳи баланди касбӣ дошта бошем. Онҳо маоши баланд гиранд ва корро ҷоннок карда тавонанд.  Ҳамчунин, дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ, миллатдӯстӣ дошта бошанд, зеро бонк ин қалби иқтисодиёт аст».

Буҳрони бонкӣ таъсири бисёр бад ба иқтисодиёти кишвар дорад. Агар он сари вақт пешгирӣ нашавад, мисли захме хоҳад буд, ки тамоми баданро фаро мегирад. Чунин як буҳрон дар замони раиси Бонки миллӣ будани Муродалӣ Алимардон, Шариф Раҳимзода, АбдуҷабборШиринов мисли зарпечак ҳуҷум ба ҷисми Бонки миллӣ доштанд. Онҳо ин падидаи номатлубро чӣ гуна пешгирӣ карданд? Шояд вақти он расидааст, ки таҷриба ва дониши онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад? «Тоҷикистон» омода аст дар ин маврид  минбари баҳс ва пешниҳодҳо қарор гирад. Email:  [email protected]      

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *