Шералӣ Ганҷалзода аз Маскав бо чӣ натиҷа баргашт?

Як  ҳайати расмии Тоҷикистон баъди музокироту мулоқот бо мақомоти ҳавопаймоии Русия ба Душанбе баргаштаанд.

Шералӣ Ганҷалзода – муовини вазири нақлиёт ва раҳбари ҳайат 13 апрел ин хабарро тасдиқ карда, аммо аз баёни ҷузъиёти музокирот худдорӣ намудааст. Ганҷалзода мегӯяд, ки ба зудӣ дар ин замина изҳороти муштарак пахш хоҳанд кард.

Тоҷикистону Русия беш аз се моҳ дар маврди иҷозати парвози ҳавопаймоҳои ширкати русии “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский”-и шаҳри Маскав ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд баҳс доранд. Ҷониби Русия мехоҳад, ки ҳавопаймоҳои “Ямал” ҳафтае 7 бор ба Душане ва Хуҷанд парвоз анҷом диҳад. Аммо ҷониби Тоҷикистон мехоҳад, ки бояд шумори парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат ҳафтае ду бор бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *