Шикояти сокинон аз Cityсard
Шуруъ аз 1-уми апрели соли 2018 сокинони пойтахт дар нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар автобус ва троллейбус кортҳои пластикии нақлиётӣ истифода мебаранд. Арзиши корти пластикӣ 10 сомонӣ аст, вале сокинони пойтахт аз он шикоят мекунанд, ки онро ба осонӣ ба даст оварда наметавонанд.
Солҳои қабл дар автобус ва троллейбусҳои шаҳр низоми пардохти роҳкиро тариқи нақдӣ буд, вале солҳои охир низоми кортҳои пластикӣ дар шаҳр амал мекунад. Вале дар ин самт мушкилиҳо хеле зиёд ба назар мерасанд. Барои пур кардани тавозуни Cityсard мардум ба мушкилиҳои зиёде дучор мегарданд. Арзиши корти пластикӣ танҳо 10 сомонӣ ҳаст, вале онро наметавон ба осонӣ дарёфт кард…
Дилнура сокини пойтахт ва ҳамзамон донишҷӯй аст. Ӯ мегӯяд: “Ман ҳар субҳ тариқи нақлиёти ҷамъиятӣ ба донишгоҳ меравам. Вақтҳои охир истифодаи кортҳои пластикӣ бароям мушкилӣ пеш меорад. Корти пластикии ман маблағи муайян дорад, вале чанд муддат боз вақте аз он истифода карданӣ мешавам, “корти номувофиқ” мебарорад. Ба маъулини Cityсard занг задам. Онҳо гуфтанд, ки як маротибаи дигар корти худро ба терминали Express Paу гузоред, он фаъол мегардад, вале он дигарбора фаъол нашуд”.
Сокинон дар ин маврид зиёд шикоят мекунанд, вале масъулини кортҳои пластикии пойтахт нисбати ин шикояҳо бетаваҷҷуҳанд. Мушкили дигар камёфт будани корт аст.
Қаблан, дар истгоҳҳои пойтахт нуқтаи фурӯши кортҳои пластикӣ буд, ки ҳоло ба назар намерасад.
Мавҷуда, сокини дигари пойтахт мегӯяд, ки барои харидани корти пластикии нақлиётӣ ба терминали Express Paу маблағ ворид карда, вале кортро нагирифтааст. “Дар истгоҳи марказии “Тоҷикистон” 100 сомонӣ маблағ ворид кардам, ҳам барои харидани корти пластикӣ ва ҳам барои пур кардани суратҳисоб. Вале баъди қабули маблағ ва интизориҳои зиёд мутаассифона, соҳиби корти нақлиётии пластикӣ нагаштам”,- мегӯяд ӯ.
Имрӯзҳо чунин шикояти сокинон зиёд ба назар мерасад. Ҳамчунин, сокинон аз он шикоят мекунанд, ки шахсони масъул ва операторон ба эроду шикояти онҳо ба зудӣ расидагӣ намекунанд.
У. ҚУТБИДДИНЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ