Шиноварии синхроннӣ «артистӣ» ном гирифт

 Анҷумани Федератсияи байналмилалии шиноварӣ  (FINA) номи шиноварии синхронниро ба шиноварии ҳунарӣ  (артистӣ) табдил дод.

ТАСС дар ин бора хабар дода,  меафзояд, ки андешаи табдили номи шиноварии синхроннӣ ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ рабт дорад. «Тағйири ном ба он хотир аст, ки ба рушди шиноварии синхроннӣ  таваҷҷуҳ бештар шаваду барои матбуот ва мардум фаҳмотар гардад», — мегӯяд директори иҷроияи  FINA Корнел Маркулеску.

Шиноварии синхронниро нахустин маротиба ба барномаи  Бозиҳои олимпӣ соли 1984 дар Лос-Анҷелес шомил карданд. Дар олимпиадаҳои Сидней-2000, Афина-2004, Пекин-2008, Лондон-2012 ва Рио-де Жанейро-2016 тамоми медалҳои тиллоро аз ин намуд бонувони варзишгари Русия ба даст овардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *