Рашки тоҷикӣ,ки бо марг анҷомид

Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки суди  вилояти Кемерово як шаҳрванди Тоҷикистонро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Русия — қисми аввали моддаи 105 (куштор) ва қисми дуюми моддаи 115 (расондани осеби сабуки ҷисмонӣ ба саломатӣ) – гунаҳкор шинохта, ба 9 соли 7 моҳи зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Тафтишот мегӯяд, ин мард моҳи ноябри соли 2016 аз равобити ошиқонаи ҳамсари собиқи 30-солааш бо як марди дигари 54-сола хабар ёфта, дар фикри куштани рақибаш шудааст. Ӯ як субҳ роҳи он мардро, ки ҳамсари собиқашро ба кор гусел мекард, поида, ҳардуро дарёб кард ва бо корд ба сари сина ва шуши он мард зарба зад. Дар натиҷаи ин мард дар ҷои ҳодиса ҷон дод. Ҳамсари собиқи марди тоҷик низ чанд зарбаи корд хӯрд, вале зинда монд.

Раҳгузарон садои доду фарёдро шунида, «Ёрии таъҷилӣ” ва пулисро даъват карданд.

Кумитаи тафтишоти Русия мегӯяд: «Марди тоҷик аз ҷои ҳодиса фирор накард, балки мунтазири мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истод. Дар рафти тафтишот маълум шуд, ки айбдоршаванда қаблан бо он зан зиндагии муштарак ва як фарзанд доштааст. Чанде қабл аз ин ҳодиса, ӯ бо ҳамсараш оштӣ кардааст ва онҳо ба якдигар занг мезаданд. Дар ҳамин вақт ӯ фаҳмид, ки ин зан алакай бо як марди дигар мулоқот мекунад.”

Ин бори аввал нест, ки мардони тоҷик дар Русия бо ҷурми ҷиноятҳое, ки аз ғояти рашк содир мекунанд, маҳкум ба зиндон мешаванд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *