Ширин Разавиён – Лондон – Эрон
Бо шумост
Ёрон, ки сабздомани алванд бо шумост,
Ҳар бомдоду шом Дамованд бо шумост.
Ёрон, ки бўйи иду гулу сабзаву гулоб,
Ҳам бедмушку анбару испанд бо шумост.
Вақте ки боз мерасад аз роҳ навбаҳор,
Ёде зи мо ҳеч даме чанд бо шумост?
Мо сарнишини киштии ғурбат шудему боз,
Пайваста ҷонамон пайи пайванд бо шумост.
Сабзо баҳоратон агар аз Тўс мерасед,
К-он пири бе бадили хирадманд бо шумост.
Бошад дар ин баҳор хирадро бигустаред,
Зеро наҷоти меҳани дар банд бо шумост.
Дар хеш бингаред, зи худ бехудӣ бас аст,
Худро худо кунед, Худованд бо шумост.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ