Нутқи кӯдакатон лакнат дорад? Пас марҳамат ба маркази гуфтордармонӣ

Дар шаҳри Хуҷанд нахустин маркази гуфтордармонӣ ё логопедӣ боз гардид, ки дар он ба кӯдакони нуқси забондор талаффузи дурусти ҳарфҳо ва гап заданро то замони мактабравӣ ёд медиҳанд.

Дар инҷо кӯдакони дар суханронӣ лакнатдошта ва ақибмонда аз ҳамсолонашонро тавассути дарсу машқҳои махсус дуруст ҳарф заданро меомӯзанд. Мутахассисони ин марказ мегӯянд, таъсиси ин муассиса дар шароити афзоиши шумори атфоли забонашон лакнатдор, хеле муҳим аст.

Арзиши як моҳи будубошу табобат дар ин марказ барои як кӯдак 260 сомонӣ аст.Маркази гуфтордармонии Хуҷанд барои 80 кӯдак пешбинӣ шудааст ва ҳоло 30 кӯдаки нуқси забондор ба таври доимӣ барои ислоҳи нутқашон ба ин ҷо рафтуомад мекунанд. Дар ин муассиса 12 нафар, аз ҷумла 3 мутахассиси ислоҳи нутқ, асабшинос ва равоншинос ҳамроҳи бачаҳо кор мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *