Hydrokarst groupe дар рушди энергетикаи Тоҷикистон саҳм мегузорад

Дар Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон вохӯрии намояндагони ширкати тиҷоратии Hydrokarst  groupe  бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ баргузор гардид.

Ҷереми Брунет Манкуат, менеҷери  тиҷоратии Hydrokarst  доир ба  фаъолияти  ширкат ба рӯзноманигорон маълумот дод. Номбурда  иброз дошт, ки Hydrokarst groupe  — ширкат дар соҳаи энергетика буда,  соли 1997 таъсис ёфтаааст. Ҳоло дар ин ширкат  240 ҳазор нафар  фаъолият доранд. Ширкат дар  кишварҳои зиёд намояндагии худро  дорад ва дар Тоҷикистон низ мехоҳад фаъолиятро ба роҳ монда, дар рушди эгенергетика, махсусан дар корҳои таъмиру азнавсозии нерӯгоҳҳои  барқӣ  саҳм  гузорад.

Ҷереми Брунет Манкуат дар сӯҳбат иброз дошт, ки ӯ ва ҳайати ҳамроҳонаш   муддати чанд рӯз аст дар Тоҷикистон қарор доранд,  бо масъулини Вазорати энергетика ва захираҳои об, ширкати «Барқи тоҷик» дар мавриди имкониятҳои энергетикии кишвар ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъдаи судманд дидору гуфтугӯ намудаанд.

Hydrokarst изучит энергетический потенциал Таджикистана

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *