Ширкати IRS: Иттилоърасонӣ бояд мунсифона бошад

Чаро баъзе ронандагон оид ба ҳолати роҳи Душанбе – Чаноқ дуруғ мегӯянд?

Кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихорманданд, ки вақтҳои охир теъдоди шахсоне, ки баъд аз сафар тариқи роҳи Душанбе – Чанок арзи сипоси хешро барои масъулиятшиносӣ мерасонанд, тамоюли афзоишро касб намудааст. Қаноатмандии шаҳрвандон асосан ба таъмиру таҷдиди роҳ, бетаъхир бартараф гардидани оқибатҳои офати табиӣ, аз ҷумла тармафароӣ, лағзиши кӯҳпора, сангфароӣ, фуруравии роҳ,  мунтазам коркард шудани роҳ бо маводи зиддилағзиш, бунёди инфрасохтори марбут ба нигоҳдории роҳ, расонидани кумак ба ронандагоне, ки дар роҳ дармондаанд ва ғайра рабт дорад. Дар баробари омилҳои зикршуда, мардум аз зебову назаррабо будани роҳ, ки ба шарофати хатҳои уфуқӣ имконпазир гардидааст, изҳори қаноатмандӣ мекунанд.

  Ёдрас мешавем, ки бо мақсади муайян сохтани талаботи истифодабарандагони роҳ аз ҷониби филиали Ширкат дар ҳар хати ҳаракати назди плазаҳои толлингӣ қуттии махсус барои арзу пешниҳодҳо гузошта шуда, ҳар як истифодабарандаи роҳ метавонад пешниҳоду эродҳои худро  дар онҳо гузорад. Илова бар ин, хати доимоамалкунандаи филиали Ширкат — 487011020 низ фаъол буда,  мусофиру ронандагон метавонанд шабонарӯзӣ занг зада, дархост ва эроди худро манзур намояд. Дар идома ин раванд тамоми кӯшиш баҳри  он равона  шудааст, то  тавассути  пешниҳоди  иттилои фаврӣ, нашри мақолаҳои таҳлилӣ, вокунишҳои  бетаъхир, пахши гузоришҳои телевизионӣ, ҷойгирнамоии роликҳои таваҷҷуҳбарангез ва суратлавҳаҳо  дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти филиали Ширкат ба шаҳрвандон маълумоти саҳеҳ пешниҳод  гардад.

     Қобили зикр аст, ки ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ нуфузу маҳбубияти «IRS»  хоса буда, таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба саҳифаҳои мансуб ба он рӯзафзун аст. Теъдоди пайравони (подписчикҳои) саҳифаи фейсбукӣ  зиёда аз 24000 нафарро ташкил дода, ба ҳар як таълифот ҳазорҳо нафар таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, ки нишондиҳандаи беҳтарин маҳсуб мешавад.  Илова бар ин, чанде пеш Ютуб — канали филиали Ширкат таъсис дода шуда, дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм низ саҳифаи филиали Ширкатро фаъол гардид. Теъдоди пайравон дар Ютуб — канали филиали Ширкат низ тамоюли мунтазам афзоишро касб намуда, дар он 233 навор оид ба фаъолияти ФШС қобили дарёфт аст . Қобили зикр аст, ки дар маҷмӯъ, шумораи тамошобинони канали мазкур миллионҳо нафар аст.  Дар Инстаграм низ «IRS» бениҳоят муътабар буда, дар муддати кутоҳ шумораи подписчикҳо қариб 12000 нафар расид. Дар ин саҳифа низ 332 навору акс ва матн мондем, ки онҳоро миллионҳо нафар тамошо карданд. Натиҷаи чунин тарзи кор, бо назардошти зиёд будани будани таваҷҷуҳи мардум хеле хуб буда, барои огоҳии бештари мардум аз корҳои амалинамудаи филиали Ширкат мусоидат менамояд.

  Мутаассифона, баъзе ронандагон бо истифода аз ин имконият ба маркази тамос оид ба ба ҳолати роҳ маълумоти беасос мерасонанд. Барои мисол иттилоъ медиҳанд, ки  дар фалон минтақа тарма бартараф нашудааст, яхбандӣ зиёд аст, кӯҳпора лағжидааст, роҳ бо маводи зиддилағзиш коркард нашудааст, сангпораҳо ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт монеа эҷод намудаанд ва ғайра . Чун масъулиятшиносӣ дар  меҳвари фаъолияти роҳбарият ва кормандони «IRS»   қарор дорад, табиист, ки доир ба дилхоҳ муроҷиат фаврӣ чораандешӣ мешавад. Вале воқеият надоштани маълумот боиси сарфи барабаси вақт ва ғайримақсаднок сафарбар шудани техникаву механизмҳо мегардад.  Чунин “ҳамгироӣ” аз он шаҳодат медиҳад, гумроҳ намудани шаҳрвандон ҳадафи баъзе ронандагон аст. Нигаронкунанда он аст, ки аксар вақт чунин маълумоти беасос ба шабакаҳои иҷтимоӣ  роҳ ёфта,  ба таҳрифи фаъолияти филиали Ширкат боис мегардад.

 Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки  ҳолати  роҳи Душанбе – Чаноқ дар қиёс бо  дигар роҳҳои кишвар хеле  хуб аст. Зеро барои нигоҳдории роҳи Душанбе – Чанок  242 техникаи пуриқтидор ва механизмҳоро  харидорӣ шудааст, ки амсолашон дар муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои кишвар мавҷуд  нест. Ба ғайр аз ин, дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва масолеҳи сохтмонии барои нигоҳдории роҳ зарурӣ бунёд гардида, барои тавсеаи таъмиру таҷдиди роҳ мусоидат намудааст. Маҳз ба шарофати «IRS»    раванди нигоҳдории роҳи мавриди назар беҳбуд ёфта, бо таъсиси ҷойҳои кори доимӣ  ба мутахассисони ватанӣ имконият фароҳам омад, ки дар кишвари худ  баҳри рушду нумӯи он саҳмгузор бошанд.

  Агар гӯем, ки 15 соли фаъолият марҳилаи санҷишу имтиҳонҳои ҷиддӣ, такомулу шаклгирии фаъолият, тавсеаи равобит, болоравии сатҳи маъруфият, пурқувват гардидани пойгоҳи техникӣ, саҳмгузорӣ дар ғановати Буҷети давлатӣ ва ғайра маҳсуб мешавад, муболиға нахоҳад буд.    Бинобар ин аз ронандагон хоҳишмандем, то иттилорасонӣ  мунсифона бошад, на муғризона.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *