Ширкати президент дар Саммити оби Будапешт
Президенти Тоҷикистон дирӯз барои иштирок дар «Саммити оби Будапешт» ба Венгрия рафт.
Дафтари матбуоти президент гуфт, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Прокурор гшенералӣ Юсуф Раҳмон, вазири саноат Шавкат Бобозода ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ Қодири Қосим ҳамроҳӣ доранд. Тоҷикистон то кунун даҳсолаи об барои ҳаётро баргузор карда, як даҳсолаи дигари «Об барои рушди устувор»-ро ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ