Сармо боиси марги 15 нафар гашт

Чанд узви хонаводаҳое, ки аз даргирӣ дар Форёбу Сарипул гурехта, худро ба вилояти Ҷузҷони Афғонистон расонда буданд, аз шиддати хунукӣ ҷон додаанд.Чуноне Абдураҳмон Маҳмудӣ, муовини раиси вилояти Ҷузҷон,  гуфтааст, беш аз 10 нафари онҳо кӯдак буда, 2 нафари дигар зан ва 3 марди кӯҳансол ҳастанд. «Ин талафот дар минтақаҳои Муғул, Сардара ва Бибимарям рух додааст», — гуфт Маҳмудӣ. Қаблан мақомоти Афғонистон гуфта буданд, дар натиҷаи сардӣ ва барфрезии зиёд дар Афғонистон дар давоми як ҳафтаи охир дастикам 20 нафар, аксаран кӯдакон ҷон доданд. Раҳматулло Ҳашар, раиси вилояти Ҷузҷон, мегӯяд, тақрибан 100 хонавода ҳоло дар шароити сангин дар масҷиду хиёбонҳо зиндагӣ мекунанд ва ба маводи тиббӣ дастрасӣ надоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *