Ҷаҳонгир Дадаҷонов

Шоҳҷоиза 70 000 сомонӣ. Ғолиби озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» кист?

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ҷамъбаст ва ғолибон қадрдонӣ шуданд. Пас аз се соли баргузории озмун, Шоҳҷоизаи он соҳибашро пайдо кард: Ҷаҳонгир Дадаҷонов, устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон. Ӯ ба сифати ҷарроҳ дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара низ фаъолият дорад.

Ғолиби Шоҳҷоиза кист?

Ҷаҳонгир Дадаҷонов 35 сол дошта, зодаи ноҳияи Ашт аст. Ӯ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси кори табобатӣ хатм кардааст. Аз соли 2020 инҷониб ассистенти кафедраи фанҳои ҷарроҳии №1-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон мебошад. Ба сифати ҷарроҳ дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара низ фаъолият менамояд. Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Илм — фурӯғи маърифат” ӯ пирӯзӣ ба даст оварда, соҳиби Шоҳҷоиза ва 70 000 сомонӣ шуд. Ихтирои пешниҳоднамудаи Ҷаҳонгир Дадаҷонов барои озмун дар самти микроҷарроҳии реконструктивӣ-пластикӣ аст. Ӯ мегӯд, ки ин масъалаи хеле актуалӣ аст. Он оид ба тарзи реконструксияи сегменти болоии суфраи гӯш дар беморони дорои дефекти постравматикии сегменти болоии суфраи гӯш таҳия шудааст. “Бартарии ихтироот дар он аст, ки ҳангоми бартарафсозии дефекти сегменти болоии суфраи гӯш, трансплантати аутокартилаҷии худи суфраи гӯш истифода шуда, ҷудокунии фатсияи чакка дар шохчаи сатҳии шараёни чакка бо пӯшонидани ҳамин трансплантат ба роҳ монда шудааст. Дефекти сегменти болоии суфраи гӯш дар як марҳилаи ҷарроҳӣ бартараф карда шудааст”,- гуфт Ҷаҳонгир Дадаҷонов дар суҳбат бо “Тоҷикистон”.

4 миллиону 85 ҳазор сомонӣ барои ғолибон

Бояд гуфт, соли сеюм аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад. То ин муддат ягон нафар Шоҳҷоизаро соҳиб нашуда буд. Танҳо ҳамин сол Шоҳҷоиза соҳибашро пайдо кард. Таври маълум, ҳадаф аз озмуни мазкур рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ мебошад ва дарёфту муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо ба ҳисоб меравад.

Возможно, это изображение 3 человека, помост и текст

Озмун аз рӯйи 7 номинатсия: математика; физика ва астрономия; химия; биология; география; технологияи иттилоотӣ; ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар чор давр моҳҳои апрел — октябр гузаронида шуд.

Соли равон бори аввал озмун байни хонандагони муассисаҳои типи нав — литсейҳо ва гимназияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар алоҳидагӣ баргузор гардидааст. Вобаста ба ин, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ 42 адад зиёд гардида, миқдори умумии онҳо 132 ададро ташкил дод.

Ҳамчунин, ҷиҳати ҷалби иштирокчиён ба озмун соли равон дар ҳамаи номинатсияҳо ғолибони ҷойи 3 аз ду нафар ба се нафар зиёд карда шуда, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ аз рӯйи ҳар як номинатсия ба 6 адад расонида шуд.
Дар ин замина, шумораи мукофоти пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоизаро соҳиб шудаанд, 49 адад зиёд шуда, 84 ададро ташкил медиҳад.

Ҳамин тавр, маблағи умумӣ барои мукофотонидани ғолибон ва баргузории даври чоруми озмун чор миллиону ҳаштоду панҷ ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2022 як миллиону ҳафтсаду чил ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Имтиёз ба ғолибон

Бо дастури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соли равон барои иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст. Тибқи он иштирокчиёни даври чоруми озмун — хонандагони синфи 11 ба ихтисосҳои фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ бе озмун дар гурӯҳҳои ройгон қабул мешаванд.

Инчунин, ғолибони ҷойҳои 1, 2, 3-и даври чорум ва барандаи Шоҳҷоиза баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ бе озмун ба тариқи ройгон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ қабул мешаванд.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *