Дурӯғ. Роҳи бурунрафт куҷост?

Масъалае, ки вақтҳои охир маро асабонӣ ва нигарон мекунад, ин дурӯғгӯии сартосарии ҳаммиллатони ман аст. Аз бача то мӯйсафед, аз духтар то пиразан ба роҳатӣ дурӯғ мегӯянд ва ҳиҷ инсофу имоне онҳоро азоб намедиҳад.

Ин кор ба ҳадде миёни тоҷикон маъмулӣ шудааст, ки дигар марз намешиносанд. Онҳо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳама дунё дурӯғ мегӯянд, ингор ин сифати вижаи ин миллат шуда бошад. Мушоҳидаи ин манзара маро хаста мекунад, то ҷойе, ки баъзан мехоҳам миллатамро дигар кунам, аммо боз аз он меандешам, ки ҳама ниёконам тоҷик буданд ва падару модарам ҳам ба умед фарзанд бузург кардаанд ва умед доштанд, ки ҳамчун тоҷик то охир хоҳам зист. Аммо ба ин миллат чӣ шуда?

Чаро заруру нозарур дурӯғ мегӯем?

Чаро виҷдону имон сари роҳамон намешаванд? Ё (метарсам аз он биандешам) инҳоро низ аз даст додаем? Чаро аз Худои худ наметарсем? Охир, дурӯғ гуфтан вубол аст!

Чанд сол қабл дар идорае ба унвони муовини раис кор мекардам. Ин марди бехудо (раис) худро эшонзода мегуфт ва аз субҳ то шом дурӯғ мегуфт ва ҳақи мардум мехӯрд. Ӯ медонист, ки кормандони идора ба ҳарфаш бовар надоранд ва ҳатто лабханди худро пинҳон намедоранд, аммо пайваста қасам мехӯрду дурӯғ мегуфт…

Ҳамсабақе маърака дораду моро ба хонааш даъват мекунад. Тибқи қоида бо дигар ҳамсабақон маслиҳат мекунему соати мулоқот таъйин мекунем, то якҷо ба табрики дӯст биравем. Соати таъйиншуда меоиву соатҳо мунтазир мешавӣ, вале ба ҷойи 10 — 12 кас яке меояду халос. Вақте бо сари хам, шармида ба хонаи ҳамсабақ меоед, эҳсос мекунед, ки ӯ дигар вақту ҳавсалаи пазироии шуморо надорад. Ба корҳои дигар машғул аст ва нодилхоҳ онҳоро канор мегузораду бо шумо сари дастархон менишинад…

Вазире туро назди худ мехонад ва дар мавриди таҳрири чанд китоб суҳбат мекунад. Баъди ба тавофуқ расидан, ҳисобдори вазоратро даъват мекунад ва шумо бо ҳам қарордод мебандед. Аммо вақте баъд аз моҳҳо заҳмат кашидану бехобӣ кашидан ва нури чашм костан, корро омода мекунеду ба назди вазир мебаред, ваъда медиҳад, ки рӯзи дигар ҳақи заҳмати шуморо ҳисобдорӣ пардохт мекунад. Моҳҳо мегузаранд ва ҳар дафъа, вақте ба назди ҳисобдор меравед, мегӯяд: «Ҷаноби вазир ҳанӯз суратҳисобро имзо накарааст». Баъд аз чанде ин вазири дурӯғгӯ дар вазорати дигаре вазир таъйин мешавад. Дар даст қарордод ба назди вазири нав меравед. Ӯ инкор мекунад: «Бояд ҳамон вазир ҳақи шуморо «пардохт мекард». Тамом шуду рафт. Ту мемониву флешка дар ҷайб ва қарордод дар даст…

Аз фурӯшгоҳе дари хона харидорӣ мекунӣ. Баъд аз пардохт кардани маблағ соатҳо ва рӯзҳо интизори овардани дарҳо мешавӣ. Баъди пайваста занг задан ба фурӯшгоҳ бо садои орому мулоим посухат медиҳанд: «Ака, ҳамин рӯз меорем «. Ба ҳамин ҳол, чанд рӯзи дигар мунтазири устои дар мешавӣ ва саранҷом, ба ҷойи сарф кардан як рӯз ҳафтае аз умри ширини худро аз даст медиҳӣ ва бояд як моҳи дигар қурс бихӯрӣ, то аъсобат каме ором шавад.

Ба сафар меравӣ ва баъд аз чанд рӯз хумори палав меъдаатро ранҷ медиҳад. Ба бозор меравӣ, то биринҷи девзира бигириву як палави кори калон бипазӣ. Тасодуфан дар бозор тоҷики биринҷфурӯшро мебинӣ ва аз хурсандӣ ӯро ба оғӯш мегирӣ. Баъд аз ҳолпурсӣ биринҷ мехариву ба растаи дигар мегузарӣ ва назарат ба нархномаи биринҷфурӯши маҳаллӣ меуфтад ва дуд аз димоғат берун мезанад. Мефаҳмӣ, ки тоҷики худат дар як кишвари дуру бегона туро гӯл задааст ва як кило биринҷро бо нархи се кило фурӯхтааст…

Дар хиёбонҳо бачаҳо аз субҳ то шом дурӯғ мегӯянд ва барои рост кардани дурӯғи худ ҳар дафъа вожаи «Аллоҳ»-ро ба забон меоранд. Касе онҳоро ислоҳ намекунад.

Дар бозор «ҳоҷиҳо» маводро бо қимати садчанд мефурӯшанд ва қасам мехӯранд, ки чанд тин болои он гузоштаанд…

Имрӯз мо сари қадам бо дурӯғу дурӯғгӯӣ мувоҷеҳ мешавем. Ва ин вазъ касеро нигарон намекунад, гӯиё бояд чунин бошад. Вале дурӯғгӯӣ сабаби сар задани чандин гуноҳҳои дигар мешавад, масъулиятшиносиву росткориро аз байн мебарад ва ниҳоят инсонро ба корҳои шайтонӣ мекашад. Дурӯғ ва дурӯғгӯӣ масъалае шудааст, ки метавон дар ин маврид соатҳо ҳарф зад, аммо ман роҳи халосӣ аз онро намебинам. Мехоҳам тоҷики ман ростгӯву ростқавлу рострав бошад. Дӯстон, ҳамвандон ва донишмандони риштаи иҷтимоъ, шумо роҳӣ халосиро дар чӣ мебинед? Чигуна бояд миллатро аз ин мараз раҳо кард? Мунтазири посухи шумо ҳастам.

Эмомалӣ САИДАМИРЗОД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *