Шоҳиёнро ҷинояткории судяҳо ба ташвиш овардааст

Шермуҳаммади Шоҳиён — раиси Суди Олии Тоҷикистон гуфт, ки дар 6 моҳи соли равон аз ҷониби судяҳо 4 ҷиноят сурат гирифтааст. Ин судяҳо бо ҷурми «паст кардани шаъну шарафи судя» аз кор ронда шудаанд.

Ба гуфти Шоҳиён, Ҳомидҷон Муҳаммадзода — раиси Суди шаҳри Хуҷанд ва судяи ин суд Рустам Маҳмадсаидзода бо ҷурми гирифтани пора аз вазифа сабукдӯш шудаанд. Далели барканории онҳо, ки 30-юми май ба имзо расидааст, “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” гуфта шудааст. Ин ду тан судяро ба “гирифтани пора” муттаҳам медонанд.

— Раиси Суди шаҳри Хуҷанд 2,5 ҳазор доллар пора гирифта, бо судя тақсим кардааст,- гуфт Шоҳиён.

Ҳамчунин, дар ин давра Саидаҳмадзода Абдураҳмон — раиси Суди ноҳияи Б. Ғафуров низ бо гумони «баромадан аз ваколатҳои мансаби» ва «додани ахбори бардурӯғ» боздошт шудааст.

Як судяи Суди ноҳияи Сино низ ҷиноят содир кардааст. «Ӯ бо гирифтани 1,5, ҳазор доллар боздошт ва равонаи зиндон шуд»,- гуфт раиси Суди Олӣ.

— Сатҳи ҷинояткорӣ дар байни судяҳо зиёд нест, вале ҳамин теъдод ҳам роҳбарияти Суди Олиро ба ташвиш овардааст,- гуфт Шоҳиён.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *