Шоҳона Одиназода: Барои журналист ҷасорат муҳим аст!

Шоҳона Одиназода яке аз чеҳраҳои маъруф ва матраҳи ҷомеаи журналистии Тоҷикистон аст. Ӯ фаъолияти журналистии худро соли 1997 аз АМИТ “Ховар” оғоз мекунад. Баъдан ба ҳайси муҳаррир, муҳаррири варзидаи Радиои Тоҷикистон, Радиои “Садои Душанбе” ва аз моҳи ноябри соли 2012 дар вазифаи муовини директори  Телевизиони «Сафина» идома медиҳад. Аз 24 ноябри соли 2015 бо Амри Президенти Тоҷикистон сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” таъйин шуд ва то имрӯз дар ин вазифа кор мекунад.

Ҳамчунин, Шоҳона Одиназода шоира аст. Аз соли 2015 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Китобҳояш “Хаёли ситорачин”, “Сад тарона”, “Сояи нигоҳ, “Оини ноз”, “Зодрӯзи Тоҷикистон” дастраси хонандагон шудаанд. 

-Барои журналист пеш аз ҳама чӣ муҳим аст?

-Пеш аз ҳама ҷасорат. Вақте журналист ҷасорат дошта бошад, ба ҳама чиз муваффақ мешавад. Солҳое, ки мо ба ҷодаи журналистика қадам гузоштем, давраи ҷанги шаҳрвандӣ буд. Вақте назди вазирону мансабдорон мерафтему онҳо аз додани маълумот саркашӣ мекарданд ё бо мо муносибати дағалро раво медиданд, мегуфтем, ки вақте курсиро банд кардед, вазифадоред, ки ба саволҳои мо посух диҳед. Тарс надоштем. Бовар кунед, агар ақли имрӯзаам мешуд, ҳеҷ вақт бо онҳо баҳс намекардам. Вале ҷавон будему ҷасорат доштем, наметарсидем.  

-Фарқ байни он замон аз ин замон чӣ қадар аст?

-Аз замин то осмон. Вале журналист дар ҳар давру замон бояд воқеъбин бошад.

-Шумо бояд муаллимаи матетаматика мешудед. Чӣ шуд, ки ба журналистика рӯй овардед?

-Пас аз хатми мактаби миёна, соли 1988 ба факултаи математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб дохил шуда, онро соли 1994 хатм кардам. Вақте дар курси чорум таҳсил мекардам, ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд. Дар донишгоҳ мураттаб дарс намешуд. Бинобар ин, дар як мактаб ба кори омӯзгорӣ пардохтам. Дар курси панҷум оиладор шуда, ба Душанбе омадам. Дар ин ҷо ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорида, ҳамзамон дар агентии “Ховар” ба фаъолият оғоз кардам. Зеро журналистикаро дӯст медоштам. Дар зодгоҳам шаҳри Кӯлоб замони донишҷӯӣ дар маҳфилҳои эҷодиву фарҳангӣ  пайваста иштирок мекардам. Як муддат бо телевизиони маҳаллии Кӯлоб ҳам ҳамкорӣ доштам. Яъне, дар журналистика шахси тасодуфӣ нестам.

-Дар фаъолияти худ ба чӣ мушкилиҳо дучор омадед?

-Бе мушкилӣ намешавад. Вақте аз “Ховар” ба Радиои Тоҷикистон гузаштам, ягона духтаре будам, ки аз маҳал омада, дар сафарҳои роҳбари давлат ширкат мекардам. Вақте хабару гузориш омода мекардам, онро дар эфир каси дигар мехонд. Аз ин бисёр дилшикаста мешудам. Ба мо духтарони аз маҳал омада имкон намедоданд. Вале меваи сабр ширин аст. Вақте азм қавӣ асту аз сидқ кор мекунед, ба ҳама чиз мерасед.

-Вақте ба риштаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ ҳуҷҷат супоридед, ҳамсаратон монеъ нашуданд?

-Агар дастгирии шавҳарам намешуд, ман ба ҷое намерасидам. Панҷоҳ дарсади муваффақиятҳои ман ба шавҳарам вобастагӣ дорад. Чун ӯ аз оғоз дарк кард, ки ман касбамро дӯст медорам, бинобар ин, барои пешрафти ман монеъ нашуд, балки замина фароҳам овард. Гарчанде ӯ дар соҳаи тиб фаъолият кунад ҳам, ҳар матлабе ки менавиштам, ҳатман мехонд, маслиҳат медод.  

-Дар оғози фаъолиятатон назари атрофиён ба шумо ва касбатон чи гуна буд?

-Оилаи мо фарҳангӣ буд. Падарам барои таҳсили мо- духтаронаш бисёр талош мекард. Дар ёд дорам беҳтарин либосҳои он даврро мо апаву хоҳарҳо мепӯшидем. Албатта, буданд нафароне ки ба падарам мегуфтанд духтаратро нахонон, вале ин суханҳо таъсир намекард. Зеро падарам ба ман бовар доштанд. Баъдан вақте ба кор оғоз кардам, он кас ифтихор мекарданд, ки духтарашон як чеҳраҳои шинохта шудааст.

Баъди шавҳар карданам хушдоманам ба ман зиёд кӯмак мекарданд. Замоне дар шӯъбаи иттилотӣ кор мекардам ва шабҳо навбатдор меистодам. Он кас маро дарк мекарданд ва корҳои хонаро худашон анҷом медоданд. Аз эшон зиёд миннатдорам.

-Шояд мувафақияти шумо аз он аст, ки дар зиндагӣ маҳз чунин инсонҳо дар каноратон ҳастанд?

-Бале.  Мо бо шавҳарам бо муҳаббат издивоҷ кардем. Баъзан бо як нигоҳ якдигарро мефаҳмем. Ҳоло соҳиби се фарзандем, ки кӯшиш мекунам онҳо низ дар муҳити оилаи солим ба воя бирасанд.

-Дар коргоҳ чӣ гуна шароиту муҳит сохтаед?

-Дар муҳити кор ҳам мисли оила аст. Вақте муносибат хуб бошад, ҳама бо ту хубанд ва туро мефаҳманд. Тӯли 9 сол аст, ки дар “Бонувони Тоҷикистон” бо 24 нафар корманд фаъолият мекунам. Ҳолате нашудаст бо ягон нафар аз кормандон дағалгуфторӣ карда бошам, муносибатам сард бошад… Ман ҳиҷ вақт фаромӯш намекунам,  ки ҳама кормандони мо соҳибмаълумот ҳастанд, эҷодкоранд. Бинобар ин, дар кор муносибати нек одамиятро дар ҷойи аввал мегузорам. 

P.S. Зимни як таҳқиқоти ТҶ “Машварати расонаӣ” ва ТҶ “Зеркало” соли равон маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” серхонандатарин маҷаллаи кишвар эътироф шуд.  

Мусоҳиб Сумани Убайдулло

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *