Шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ боз шуд

Ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ дубора таъмин гардид.

Ҳоло бо вуҷуди бориши давомдору пуршиддати барфу борон ҳаракати нақлиёт аз ҳарду самт  таъмин карда шудааст, хабар медиҳад ширкати IRS. Бино ба иттилои манбаъ “Тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағзиш мунтазам амалӣ шуда истодааст”. Бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт, танҳо гузариши фура ва автомобилҳои боркаши присепдор муваққатан маҳдуд гардидааст. Ширкат аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки бидуни омодагӣ ба мавсими сармо ба роҳ набароянд.

Ёдовар мешавем, ки шоми санаи 11 декабр дар дохили нақби «Дӯстӣ» (мавзеи Майхура) автомобили боркаши “Фура” ва “Спринтер” ба садамаи нақлиётӣ дучор шуд. Аз ин сабаб ҳаракати нақлиёт муддате манъ шуда, баъди чанд соати пайомади садама пурра бартараф гардид. Иттилоъ дода мешавад, ки хушбахтона, бар асари ин садама касе осеб надидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *