Шоҳгул Ризоӣ — сафири нави Афғонистон дар Тоҷикистон
Шоҳгул Ризоӣ, намояндаи мардуми вилояти Ғазнӣ дар маҷлиси намояндагони Афғонистон, сафири ин кишвар дар Тоҷикистон таъйин шуд. Интисоби ӯ хонум Ризоии 39-сола аз сӯи Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисҷумҳури Афғонистон сурат гирифтааст. Шоҳгул Ризоӣ намояндаи қавми ҳазора буда, интисоби ӯ ба мақоми сафорат дар Душанбе соҳибназарон «тӯҳфа”-и Арки раёсати ҷумҳурии Афғонистон ба ҷунбиши «Рӯшноӣ”-и ҳазораҳо мешуморанд.
Ин бори аввал аст, ки ба мақоми сафири Афғонистон дар Тоҷикистон як зан таъйин мешавад.
Шоҳгул Ризоӣ, духтари Шералӣ, соли 1979 дар шаҳри Кобул таваллуд шудааст. Асолатан аз вулсволии ҳазоранишини Ҷоғурии вилояти Ғазнӣ аст. Вай соли 2001 аз литсейи Зайнабияи вулсволии Ҷоғурӣ фориғуттаҳсил шуда,сипас риштаи ҳуқуқ ва улуми сиёсии Донишгоҳи Кобулро дар соли 2011 хатм кардааст. Аз соли 1998 то 2004 муаллим буд ва аз соли 2004 ба 2006 дар мақоми мудири литсейи духтаронаи Зайнабияи Чӯбу Бадразори Ҷоғурӣ ифои вазифа намудааст.
Ризоӣ дар сол 2006 пеш аз ин ки узви Вулуси Ҷирга дар давраи понздаҳум гардад, узвияти хонаи фарҳанг ва ҳунари Ҷоғуриро дошт ва вироишгари моҳномаи Ҷоғурӣ буд.
Шоҳгул Ризоӣ дар интихоботи реёсатиҷумҳурии Афғонистон дар соли 2014 аз Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ҳимоят кард. Шоҳгул Ризоӣ дар интихоботи соли 2018 – и маҷлис аз тарафи мардуми Кобул худро номзади ҳузур дар парлумони ҳабдаҳум кард, аммо баъдҳо ба далоили мухталиф аз ҷумла шаффоф набудан интихобот, тавзеъи садҳо ҳазор шиносномаи ҷаълӣ бо барчасби тақаллубӣ, заъфи ҳукумат дар таъмини амният, аз рақобати интихоботи Маҷлиси намояндагон инсироф дод. Ва инак ба унвони сафир Афғонистон дар Тоҷикистон таъйин шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ