«Шоҳмансур»-ро бастанд

Субҳи имрӯз дарвозаҳои бозори «Шоҳмансур» маъруф бо номи «Зеленый базар» ба рӯи савдогарону харидорон боз нашуд. Бинобар маълумои сомонаи «Ахбор» тоҷиронро ба бозори «Меҳргон» мекӯчонанд. Вале ин тоҳол аниқ нашудааст, ки ин бозор барои чи баста шуд ва ё дар ҷои он чӣ сохта хоҳад шуд.

Сокинони шаҳри Душанбе хабар доданд, ки рӯзи 10 октябр бозори Шоҳмансур баста шудааст. Як ҳамсӯҳбати «Ахбор” гуфтааст, ки  вақте ба бозори Шоҳмансур омад, дарвозаҳояш алакай баста буд. Тоҷирони бозор гуфтаанд, ба онҳо пешниҳод шудааст, ки ба бозори «Меҳргон” (собиқ «Пойтахт-90”) ваё ба бозори нави «Ховарон”, ки дар теппаҳои Ховарон сохта шудааст, бикӯчанд.

Абдусаттор Ҷабборӣ, муовини аввали раиси ноҳияи Шоҳмансур баста шудани бозори таърихии ин минтақаи шаҳри Душанберо тасдиқ кард. Ӯ дар сӯҳбат бо нашрияи «Вечёрка” гуфт: «Бо қарори шаҳрдори Душанбе, ки бегоҳи 9 октябр ба ҳукумати ноҳия расид, бозори Шоҳмансур баста шуда, ба бозори «Меҳргон” кӯчонда мешавад. Ҳар касе ки хоҳиш дорад, дар онҷо метавонад кор кунад.”

Абдусаттор Ҷабборӣ аммо дар бораи инки дар оянда дар ҳудуди бозори Шоҳмансур чӣ хоҳанд сохт, изҳори бехабарӣ кардааст: «Дар ин бора ҳанӯз чизе ба мо маълум нест.”

Бозори Шоҳмансур, ки дар замони Шӯравӣ бо номи «Зеленый базар” маъруф буд, яке аз рамзҳои барҷастаи пойтахти Тоҷикистон шумурда мешуд. Тақрибан ҳамаи сайёҳони хориҷие, ки ба Душанбе меоянд, ба хотири ошноӣ бо шавқу шӯри бозорҳои шарқӣ ва чашидани меваву сабзавоти офтобхӯрда ва мағзу мавиз ҳатман саре ба ин бозор мезаданд.

Бозори Шоҳмансур дувумин бозори таърихии Душанбе аст, ки қурбони Генплан, ё нақшаи рушди пойтахти Тоҷикистон мешавад. Қаблан мақомот бозори «Баракат” (маъруф ба бозори Путовский” дар маркази Душанбе – як рамзи дигари пойтахти Тоҷикистонро тахриб карданд.

Ба ҷои бозори «Баракат” дар маҳаллаи Сурхоб бозори бинояш мӯҳташами «Меҳргон” сохта шуд, вале инак чанд сол боз аксари растаҳояш холист.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *