Зани тоҷикро дар Арабистон ғулом карданд? (Видео)

 «Эй вой очаҷон, куштанмае! Очаҷон аз задана куштанмаееее! Дига аз дастаи задана дар баданам ягон ҷойи обод намондааст, ҳама ҷойи танама сиёҳу кабуд карданд. Ҳар рӯз мана хар барин мезананд. Мӯйҳои сарма қабза-қабза канда гирифтанд, дар сарам мӯй намонд. Калум карданд ин беинсофо, кал! Кадом рӯз дар ҳамин мулки мусофирӣ ай задана мемурум! Худоҷон, ин чӣ рӯзи сиёҳе буд, ки ба сари мани бечора овардӣ?! Илоҳо хонаат сӯзад Саидаҳмад ба ҳамин ҷойи фиристодагит….»

Ин нидои талхи як зан-модари тоҷик Нурбибӣ Мансурова аст, ки бо умеди пайдо кардани ризқу рӯзии фарзандонаш ба Арабистони Саудӣ рафта, ғуломи шайхи араб ва зану фарзандони бераҳми ӯ гаштааст.

24 фарзанд ба дунё оварду…

Нурбибӣ Мансурова, зодаи ноҳияи Восеъ буда, зиндагиаш як филми бисёрсериягии пурмоҷароро мемонад. Ҳанӯз 14 сол дошт, ки падару модараш ӯро ба писари холааш ба шавҳар доданд. Дар бадали 35 соли зиндагии оилавӣ Нурбибӣ 24 фарзанд ба дунё оварда, ҳамчун модари серфарзандтарини тоҷик шуҳрат ёфт. Дар бораи ин модари хушбахт дар расонаҳои ватанию хориҷӣ мақолаҳои зиёде ба табъ расида, аксҳои оилаи калони ӯ саҳифаҳои машҳуртарин васоити ахбори оммаро зеб медоданд.

Аз 24 фарзанди Нурбибӣ Мансурова 9-тоашон бо сабабҳои гуногун аз олам гузашта, 15 фарзандаш айни замон дар қайди ҳаётанд. Писари калониаш баъди хатми мактаби миёна ба риштаи тиб дохил шудааст, вале бо сабаби камбизоатӣ ӯ натавонист духтаронашро ба ягон донишкада ё донишгоҳ дохил карда, соҳиби маълумоти олӣ гардонад.  Нурбибӣ бо ҳазорон орзуву ҳавас чор духтари калониро ба шавҳар дода, соҳиби нуҳ набераи дӯстрӯяк  гашт.

Мебоист имрӯз ин модари тоҷик дар канори ҳамсару фарзандонаш  хурсандона умр ба сар барад, аммо тақдир ӯро ба мулки бегона бурда,  ғуломи шайхи араб гардонд….

Ҳоҷӣ бо номи Худо қасам хӯрд, вале…

Таъмини оилаи калон барои шавҳараш гаронӣ мекард, аз ҳамин сабаб соли 2016 бо дастгирии директори бозори ноҳия Нурбибӣ ба кор баромад, то дар кашидани аробаи зиндагӣ ба ҳамсараш ёрӣ расонад. Рӯзе вақти хӯроки нисфирӯзӣ Искандар ном марде, ки ҳама ӯро ҳамчун Ҳоҷӣ мешинохтанд, ба ошхонаи онҳо даромад ва баъди салому алейк ба Нурбибӣ рӯ оварда гуфт: «Апаҷон, медонам, ки шумо аз як оилаи калони камбизоат ҳастед ва дилам ба ҳолатон сахт месӯзад. Мехоҳам ҳамчун бародар ба шумо ёрӣ расонам, агар розӣ бошед, ман шуморо ба шаҳр бурда, бо кормандони ширкати муҳоҷирати меҳнатии «Имкон-2015» шинос мекунам. Ба Арабистон рафта кор мекунед, пули калон медиҳанд, зиндагиатон шоҳона мешавад…»

Нурбибӣ аввал ба ин пешниҳод розӣ нашуда, ҷавоби рад дод, вале Ҳоҷӣ бо номи Худо ва тамоми муқаддасоти олам қасам мехӯрд, ки аз Арабистон дида, ҷойи беҳтару хубтареро барои кор пайдо намекунад.

Ҳамин тавр, дар бадали ду ҳафта Ҳоҷӣ бо афсонаҳои ширин дар бораи ҳаёти шоҳона дар мулки араб Нурбибӣ Мансуроваро ба дом афтонд ва ин зани серфарзанд бо ҳавои дидани «биҳишти рӯйи замин» дари ширкати «Имкон-2015»-ро кӯфт…

«Ҳоҷибибӣ» мешавӣ гуфтанд, аммо…

Пушти дари сардори шикати «Имкон-2015» Саидаҳмад Сангов чунон серодам буд, ки ба қавле агар сӯзанро партоӣ ба замин намерасид. Занону духтарони зиёде мисли Нурбибӣ фирефтаи ваъдаҳои фиребои «биҳишти рӯйи замин» ва пули калон гашта, Худоро зорӣ мекарданд, ки бахташон хандаду ба Арабистон коркунӣ раванд, вале…

Нурбибиро як чиз сахт ба ҳайрат овард, кормандони ширкат танҳо занону духтарони сафедпӯсти хушқаду қомат ва зеборо интихоб намуда, хоҳиши бонувони чандон ҳусни казоӣ надоштаро бо ҳар баҳона рад мекарданд.

Вақте навбаташ расиду Нурбибӣ вориди утоқи сардори ширкат гашт, Саидаҳмад Сангов ба эҳтироми ӯ аз ҷояш бархост ва бо табассуми гарм гуфт: «Апаҷон, шумо одами бомаданият менамоед. Мо албатта барои шумо шиносномаи хориҷӣ тайёр карда, шуморо мефиристем.»

Аз нақли Нурбибӣ

Нурбибӣ Мансурова имрӯз дар мулки араб, дар асорату ғарибӣ бо сару рӯйи аз зарби мушту лагади шайхи араб ва зану духтаронаш сиёҳу кабудгашта ваъдаҳои Санговро ба ёд оварда, қисса мекунад:

«Гуфтанд, ки агар то иди Қурбон рафта расӣ, 10 ҳазор доллар пул медиҳанд ва аввал туро ба Ҳаҷ мебаранд. Хонаи Қаъбаро зиёрат карда, баъд ба кор сар мекунӣ. Ҳар моҳ 600 доллар ойлик (моҳона) медиҳанд. Метавонӣ дар се моҳ як бор ба хонаат омада, аз ҳоли шавҳару кӯдаконат хабар гирӣ. 4 либоси корӣ, 4 либос барои ба меҳмонӣ рафтан, 4 либос барои сайру тамошо ва 4 либоси хобравӣ медиҳанд. Кор он қадар бисёр нест, фақат як кампираки касалро нигоҳубин мекунию халос. Телевизор, телефон, ҳама чиз ҳаст, кору боратро, ки тамом кардӣ, дам гирифта, телевизор тамошо мекунӣ ё ба хонаат занг зада, бо фарзандонат суҳбат мекунӣ…»

Асирӣ аз Ватан сар шуд?

Саидаҳмад Сангов  Нурбибиро ба хонаи худаш мебарад ва муддати 10 рӯз, то тайёр шудани шиносномаи хориҷиаш ин модари серфарзанд дар манзили сардори ширкат бо зану духтарони ӯ зиндагӣ мекунад. Ҳанӯз дар манзили Сангов шиносномаи Нурбибӣ Мансуроваро аз дасташ гирифта, имкон намедиҳанд, ки ӯ бо касе дар тамос шавад. Вақте чиптаи ҳавопайморо меоранд, Нурбибӣ хоҳиш мекунад, ки як телефон  диҳанд, то пеш аз сафар ба хонааш занг зада, бо шавҳар ва фарзандонаш хайрухуш намояд, вале Саидаҳмад Сангов: «Апа, онҳоро хавотир накун, ҳамин ки ба Арабистони Саудӣ расидед, баъд занг зада ҳамаашро мефаҳмонед» гӯён, хоҳиши ӯро рад мекунад.

Ҳамин тавр, намояндагони ширкати “Имкон-2015” Нурбибиро ҳамроҳи як зани дигар, ки Гулистон ном дошт, ба Арабистон гусел карданд. Ҳанӯз дар тайёра дили Нурбибӣ аз пешомади ногуворе дарак дода, худ аз худ сип-сиёҳ шуд ва дар чашмонаш ашк ҳалқа зад. Гулистон ӯро тасаллӣ дода мегуфт: «Апа, барои чӣ гиря мекунӣ? Зиқ нашав, ману ту пули зиёд кор карда ба Ватан мефиристем, боз ба Ҳаҷ меравем…»

Нурбибӣ ба суханони Гулистон гӯш дода, кӯшиш менамуд, ки худро ором созад, вале эҳсоси хавотирӣ ҳеҷ ӯро тарк намекард…

Кампири ҷаллод

Аз рӯйи қарордоди пешакӣ имзошуда вазифаи Нурбибӣ Мансурова дар Арабистони Саудӣ танҳо парастории як пиразани маъюб буд.

Аз фурудгоҳ ӯро рост ба хонаи ҳамон зан бурданд, вале аз лаҳзаҳои нахустини дидор ситораи Нурбибӣ бо ситораи кампир рост наомад. Пиразан маъюб бошад ҳам, кампири аноӣ набуд. Ин пиразани араб ҳанӯз рӯзи аввали омаданаш парастори навашро чунон бераҳмона зад, ки Нурбибӣ талхакаф шуда, бо сару рӯйи хуншор рӯ ба гурез ниҳод. Вай ҷонҳавл ба кӯча давида, ба кормандони ширкат занг зад ва талаб намуд, ки ӯро ба Тоҷикистон, ба назди оилаю фарзандонаш гусел кунанд, вале ба Нурбибӣ фаҳмонданд, ки бозгашт ба Ватан дигар имкон надорад, зеро аллакай ба қарордоди дусолаи корӣ, ки танҳо 1-уми августи соли 2018 ба охир мерасад, имзо гузоштааст…

Шайх ба суроғаш омаду…

Тақрибан ним соат пас мошини зебои гаронбаҳое дар назди дари хонаи кампир қарор гирифт. Ин мошин ба яке аз машҳуртарин шайхҳои  араб Абу-Ҷамол тааллуқ дошт. Ин шайхи сарватманди араб, ки соҳиби 8 фарзанд, қасрҳои бошукуҳ ва давлату сарвати зиёдест, Нурбибиро ба манзили худ бурда, фаҳмонд, ки минбаъд вазифаи ӯ ҳамчун хизматгор ба сомон расонидани тамоми кору бори хона мебошад…

Муддати як моҳ аҳволи Нурбибӣ дар хонаи шайх хуб буд, аммо баъд…

Биҳишт гуфта, ба дӯзах бурданд?

Пас аз як моҳ азобу шиканҷаи Нурбибӣ сар шуд.  Кор дар қарордод 8 соат нишон дода шудааст, аммо Нурбибиро лозим меояд, ки дар манзили қасрмонанди шайх ба ҷойи 8 соат 18-20 соатӣ кор кунад. Акнун дили ин зани тоҷик барои хоб гум мезанад, зеро беш аз як сол мешавад, ки хоби бароҳатро надидааст. Дар манзили шайх духтари калониаш бо 6 фарзанд, духтари хурдиаш бо 4 фарзанд, ду писараш, худи шайху ҳамсараш ва боз чанд хешу табори дигарашон, хулоса  ҷамъулҷамъ 17 нафар зиндагӣ мекунанд ва Нурбибӣ бояд ба ҳамаи онҳо хизмат расонад. Вай ҳар рӯз се ошёна, 30 дар хонаро мерӯбад, мешӯяд, ҳавлиро ба қавли худаш «бо забонаш лесида тоза мекунад»,  рӯзе се маротиба ҷомашӯӣ мекунад, вале ин ҳама заҳматҳояшро касе қадр намекунад, зеро дар ин хона Нурбибӣ танҳо хизматгор-ғулом аст.

Аз нақли Нурбибӣ Мансурова

“Арабҳоя мусулмон мегӯянд, лекин ягон зарра раҳму шафқат дар инҳо набудааст. Ба худо рус хубтар аст, ки як майда раҳму шафқат дорад. Мегӯӣ, ки дар пеши инҳо ягон саг ё мусор бошӣ, Худо накарда камтар хато кунӣ, даррав мушту лагад катӣ мезананд. Ҳар рӯз хазяйка (зани шайх) нигоҳ мекунад, агар ягон нукта барин чанг ё чирк бинад, мурдӣ! Барои инҳо ранги як тӯби футбол шудам. Соҳиби хона (худи шайх) бо швабра мезанад, зану духтарош бошанд, мӯйи сарама қабза-қабза канда мегиранд. Аз дасти задану кӯфтану кандана дар сарам қариб, ки мӯй намондааст. Кал шудам, кал…»

 Тасодуфи ҷонбахш

Нурбибии аз зарби мушту лагад ва ҷабру зулми шайху арабу аҳли оилааш ба ҷон расида, чанд маротиба кӯшиш намуд, ки фирор кунад, вале натавонист, зеро дар мулки бегона ба куҷо рафтану аз кӣ мадад ҷустанашро намедонист. Вай ҳатто суроғаи манзили шайхро, ки беш аз як сол боз дар он ҷо ба сифати хизматгор ҳаёти талхе ба сар мебурд, намедонист. Аз чунин зиндагии сагона ба ҷон расида, ба хулосае омад, ки даст ба худкушӣ зада, ҷонашро аз ин азоби дӯзах халос мекунад, вале як тасодуфи тақдирсоз дар дили ин зани ба ғуломӣ афтодаи тоҷик шуълаи умедро фурӯзон намуд…

«Вой очаҷон»-ро шуниду…

Аксари шайхҳои араб баъди задану кӯфтан хизматгоронашонро  пинҳонӣ ба назди духтур мебаранд, то сирри зулму ситам карданашон фош гашта, боиси кашмакаш нашаванд. Ҳамон рӯз барои дупула гап зани шайх Нурбибиро чунон бераҳмона зад, ки хун ба сару рӯяш шорид. Бо фармони шайх Нурбибии дар хуну халаф ғарқро ба назди кадом як духтури шинос бурданд. Ин зани тоҷик аз дарду хорӣ бо тамоми овоз нола карда: «вой очаҷон» мегуфту талх-талх мегирист. Гиряи пуралам ва ҳар замон «вой очаҷон» гуфтани ин зани бадбахт ба гӯши як ҷавонзани тоҷик, ки чанд сол боз дар Арабистони Саудӣ зиндагӣ мекард ва муқими ин шаҳр маҳсуб меёфт, расид  ва дилаш ба ёди Ватан гум зада, ба сари ҳамватан омада пурсид:

-Тоҷикӣ?

Нурбибӣ бо аломати ризо сар ҷунбонд.

-Аз куҷои Тоҷикистон ҳастӣ? Номат чист?-кунҷковӣ намуд ҷавонзан.

-Аз Восеъ, Нурбибӣ ном дорам, хотири 15 фарзандам ба ин ҷо коркунӣ омада, ба доми фиреб афтидам,-Нурбибӣ бо оби дида сарнавишти талхашро ба он зан, ки Зарина ном доштааст, нақл кард. Дили Зарина ба ҳоли ин модари серфарзанди тоҷик, ки фирефтаи суханони дигарон гашта, худро ба доми бало гирифтор карда буд, сӯхта, ваъда дод, ки албатта ба ӯ кӯмак мерасонад….

Вақте ки телефон пайдо шуд…

Бо дахолати ҳамин зани тоҷик ҳамсари шайхи араб розӣ шуд, ки ба Нурбибӣ телефон диҳад, то аз ҳоли фарзандонаш хабардор шавад. Нурбибӣ аввалҳо ҳатто тарзи истифодаи телефонро намедонист, вале баъдан бо кӯмаки Заррина тарзи дар телефон сабт кардан ва ба навор гирифтанро омӯхта, тариқи сомонаҳои гуногуни иҷтимоӣ ба ҳамватанони худ муроҷиат намуд, то аз ҳоли худ мардуми тоҷик ва мақомоти Тоҷикистонро хабардор созад.

Навори муроҷиатҳои ин тоҷикзани фиребхӯрда дар шабакаи Интернет паҳн гашта, билохира ба дасти намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Арабистон расид ва онҳо пеши худ мақсад гузоштанд, ки бо кадом роҳе набошад, Нурбибӣ Мансуроваро аз асорат раҳоӣ бахшида, сиҳату саломат ба Ватан, ба назди оилаву фарзандонаш гусел мекунанд…

Аз муроҷиати Нурбибӣ Мансурова

Бародарони азиз, маро дашном накунед! Дурӯғ намегӯям, маро бо фиреб ба ин ҷо оварданд. Дар Арабистони Саудӣ ҳастам. Ин ҷо мулке нест, ки берун бароӣ. Дар ин ҷо сару рӯята печонда, ҳамеша бо ҳиҷоб мегардӣ. Ман адреси хонаро намедонам. Маро зӯрам омадааст, бинед, чӣ хел мӯйҳои сарма канда гирифтанд. Азоб дорам. Як сол пеш маро бо фиреб оварданд. Гуфтанд, ки шашсад доллар ойлик мегирӣ, хотири фарзандонам ба ин ҷо омадам, ки бачаҳома хононда одам кунам, лекин ҳамааш фиреб будааст. Ягон кори ин ҷо ба гапҳое, ки пеш аз омадан ба ман гуфта буданд, совпадат намекунад, ҳама гапшон дурӯғ, шайтонӣ будааст. Ҳар рӯз то вақти азони саҳарӣ, то соати 4-и субҳ кор мекунам. Як солу се моҳ мешавад, ки ман хоби ором надорам. Аз бехобӣ касал шудаам. Вақту соати муайяни хӯрокхӯрӣ надорем, агар ягон чиз дар таги табақшон монад, мехӯрӣ, намонад гушнаю ташна хар барин кор карда мегардӣ. Фақат кор, кор, кор… Бо телефон гап задан тамоман мумкин нест, гапзанита фаҳманд, зада сиёҳу кабуд мекунанд. Маро ҳар рӯз зада, оқибат маъюбу маслуқ карданд, бовар кунед, дар баданам дигар ягон ҷойи обод намондааст. Номи Ватанта гирӣ, зада нимколакуш мекунанд, лекин ман аз худованд умед дорам. Парвардигор, агар маро зиндаю саломат ба Ватан расонад, соҳиби ҳамон ширкатро ба ҷавобгарӣ кашида, 100 сол турма (ҳабс) мекунам!

Нурбибӣ ба назди фарзандонаш бармегардад?

Айни замон кормандони сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ фоҷиаи Нурбибӣ Мансуроваро пайгирӣ намуда, ҷаҳду талош доранд, ки ин зани тоҷикро озод намуда, ба назди фарзандонаш фиристанд. Умедворем, ки ин кор ба эшон даст дода, ин модари серфарзанди тоҷик сиҳату саломат ба назди аҳли байташ бармегардад, аммо…

 Нурбибиҳо бисёранд

Нурбибӣ Мансурова ягона зани тоҷик нест, ки ба доми макру фиреб гирифтор шуда, бо ҳавои пули калон ба Арабистони Саудӣ рафтааст. Дар радифи Нурбибӣ тавассути ширкати «Имкон-2015”  ҷамъулҷамъ 38 зани тоҷик ба Арабистон барои кор фиристода шудаанд ва аҳволи аксарияташон аз ҳоли Нурбибӣ беҳтар нест.

Сарнавишти ин занҳои гумроҳшуда бояд ба дигар занону духтарони тоҷик дарси ибрат гардад ва ҳеҷ гоҳ ба хотири пулу мол рӯ ба мулки бегона наоранд, зеро дар дунё ҳеҷ ганҷе беҳтар аз озодӣ ва шарафу нангу номуси инсонӣ нест!

Одамфурӯшонро чӣ интизор аст?

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 25-уми сентябр хабар дод, ки бар зидди се ширкат -ҶДММ «Абдулкарим», воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ 15/1, «Ҷамол-2012» , ш. Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев 21/7 ва «Имкон-2015» воқеъ дар суроғаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чимтеппа, деҳаи Гулпарвар-бар асоси бандҳои «г” ва «ё”-и қисми дуюми моддаи 130-юми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми хариду фурӯши инсон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Ҷамъиятҳои мазкур давоми соли 2016 ва нимаи аввали соли 2017 шаҳрвандон Шамсия Асаналишоева, Сироҷова С.А., Келдиев Д. Г, Делаева Р.А ва дигаронро ба Арабистони Саудӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафарбар кардаанд. Муҳоҷирони меҳнатӣ дар Арабистони Саудӣ дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони араб берун аз бандҳои дар шартнома дарҷгардида, ба корҳои маҷбурӣ ҷалб карда шудаанд ва музди маошашонро низ пардохт накардаанд.

Шаҳлои Наҷмиддин,

махсус барои “Оила”

Р/С

Хонандагони азиз!

Бо кумаки кормандони Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Нурбибӣ Мансурова аз ғуломи озод карда шуда, ҳафтаи равон ба Ватан баргашт. Ба мо даст дод, ки бо ин зани ҷафодида сӯҳбати кутоҳеро анҷом диҳем, ки дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила” ба табъ мерасад. “Оила”-ро аз тамоми дӯконҳои кишвар ҷӯед, ёбед, хонед! (Видео)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *