Шоҳмансур соҳиби мактаби нав шуд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат бо имконият ва шароити муассисаи нави таълимӣ аз наздик шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбат намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи майи соли 2017 оғоз ёфта, дар зарфи бештар аз 1 сол бо назардошти талаботи муосири меъморӣ ва сатҳу сифати баланд бунёд ёфта, синфхонаҳои таълимӣ бо техникаву таҷҳизоти муосири таълимӣ ва аёниятҳои фаннӣ таъмин гардидаанд.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки муассисаи таълимӣ барои 3500 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дар масоҳати наздик ба 2 гектар бунёд ёфтааст. Иншоот аз ду бино иборат буда, бинои якум аз 3 қисмати 4-5 ошёнагӣ ва бинои дуюм аз 1 қисмат иборат мебошад.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 ҳамчунин дорои синфхонаҳои алоҳида барои гузаронидани дарсҳои физика, химия, биология ва омодагии дифои ҳарбӣ буда, синфхонаҳои фаннӣ бо аёниятҳои дарсӣ ва тахтаҳои электронӣ таъмин гардидаанд. Ҳамчунин дар таълимгоҳ 4 синфхонаи лингафонӣ бо муосиртарин техникаи омӯзишӣ ва 4 синфхонаи компютерӣ мавҷуд аст. Шароити фароҳамовардашуда имконият медиҳад, ки хонандагон нозукиҳои дарсро бо компютеру дигар дастгоҳҳои насли нав ҳамаҷониба омӯзанд.

Зимни суҳбат хонандагон ифтитоҳи муассисаи таълимиро туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Соли нави хониш арзёбӣ карда, барои дастгириву таваҷҷуҳи пайваста нисбат ба соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ба Пешвои миллат изҳори миннатдорӣ намуданд.

Барои касбомӯзии толибилмон дар муассисаи мазкур синфхонаҳои таълими меҳнати писаронаву духтарона бунёд ёфтааст. Бо истифода аз шароити фароҳамовардашуда онҳо метавонанд дар ин ҷо ба омӯзиши ҳунарҳои дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯзандагӣ ва қаннодӣ машғул шаванд. Маҷлисгоҳи муассиса дорои 240 ҷои нишаст буда, бо шароити муосир ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст. Ошхонаи муассисаи таълимӣ барои 120 нафар пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин таълимгоҳ дорои 4 утоқ барои омӯзгорон, ҳуҷраи техникӣ ва ҳуҷраи табибон буда, барои толибилмон китобхонаи электронӣ бунёд ёфтааст.

Муассисаи таълимӣ ҳамзамон дорои майдонча барои бозиҳои футбол ва волейбол буда, гирду атрофи иншоот бо дарахтони мавсимӣ ва гулу буттаҳои ороишӣ кабудизор карда шудааст.

Таҷҳизоти гармидиҳии синфхонаҳо бо системаи гармидиҳии мутамарказонидашуда пайваст мебошад, ҳамчунин истгоҳи барқии муассиса бо 2 адад трансформатор таъмин гардидааст.

Зимни суҳбат Пешвои миллат толибилмонро ба омӯзиши ҳамаҷонибаи фанҳои гуногун, бахусус азхуд кардани забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуда, ба омӯзгорон дастур доданд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас ҷиддӣ бошанд.

Пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди аҳли маориф, омӯзгорону хонандагони шаҳри Душанбе суханронӣ карда, вазъи имрӯзаи соҳа ва нақшаву ҳадафҳои Ҳукумати мамлакатро дар самти рушди минбаъдаи мактабу маориф таҳлилу баррасӣ намуданд.

“Ховар”

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *