Шоираи Раҳимҷон-Ман меравам, Миянмар!
Ман меравам,
Миянмар!
Роҳи маро нагиред!
То пеши пойи Бирма бияфтам, ки нашканад
Аҳди маро ба ман…
То оварад саре, ки зи тан карда буд ҷудо….
Шоираи шинохтаи тоҷик Шоираи Раҳимҷон дар як шеъри пурэҳсос ҳоли мардумеро, ки дар Мянмар (Бирма) ба қатли ом рӯбарӯст, ба риштаи тасвир кашидааст.
МАН МЕРАВАМ МИЯНМАР!
Ман меравам,
Миянмар!
Роҳи маро нагиред!
То пеши пойи Бирма бияфтам, ки нашканад
Аҳди маро ба ман…
То оварад саре, ки зи тан карда буд ҷудо….
То кӯдакони маъсуми манро
….. аз ман раҳо насозад
Сарҳои сабзи касро
…… аз тан ҷудо насозад.
Ман меравам, Миянмар!
То Бирмаро бигӯям, бечора хоҳарамро
(Уммедвор ҳам ҳаст) навмедтар насозад…
Қавми маро насӯзад,
Ҷони маро набозад.
Ман меравам ҳаминак….
То Бирмаро кашонам
Бар остонаи адл- бар боргоҳи бахшиш
То пойи аз ҳинои хунолудабастаро
Боли шикастаро
Чашмони аз таҳоҷуми андӯҳ хастаро
Қурбониёни бегунаҳи даста-дастаро
Ин мотами ҳамешагии мо нишастаро
Посух биёварад!
Бар кӯдакони гушнаву занҳои бепаноҳ
Чаппотӣ мебарам.Як баста нони ишқ,
Як дашт эътимод, як кӯҳ амният…
Ё дар дами ҷаҳолати беохири буте
Ҷон мекунам сипар,
Ман меравам,
Миянмар!
Хабарҳо дар бораи мавриди саркӯби бераҳмонаи низомиҳо ва издиҳоми буддоиҳо қарор гирифтани мусалмонон аз қабилаи Роҳинҷа дар Мянмар ба мавҷи вокунишҳои манфӣ дар ҷомиаи Тоҷикистон рӯбарӯ шудааст. Мақомоти расмӣ дар бораи ин ҳаводис изҳори назар накардаанд, вале корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ башиддат аз рафтори мақомоти низомии Мянмар интиқод мекунанд.
Манижаи Давлат, ҳунарманди шинохтаи тоҷик аз байни аҳли ҳунари Тоҷикистон низ дар вокуниш ба қатли мусалмонон дар Мянмар вокуниш кард ва гуфт, баробари тамоми мусалмонони дунё мотам дорад. Манижаи Давлат дар саҳифааш дар Фейсбук вайронкориҳо дар Мянмарро маҳкум кард ва ин суолро гузошт ки: Магар ҳамаи одамони курраи заминро Як Холиқ наофаридааст? Аз куҷост ин ваҳшоният?!
Ба ободиҳо фикр мекунам,ба ободиҳои дунё…Ҳар қадар саъю фикрашро кунем бозам пур аз вайронист,мисли нотамомию нимкорагияш ободиҳо обод намемонанд.Ҳамеша ҳар ҷое агар обод шавад,паҳлуяш як ҷои дигар вайрон мегардад. Ҳаминхел дунё бо вайрониҳо обод аст,бо вайрониҳои тамомнашуданй…
Имрӯз ман ҳам бо вайрониҳои Бирма баробари кулли мусалмонони дунё мотам дорам…
Магар ҳамаи одамони курраи заминро Як Холиқ наофаридааст? Аз куҷост ин ваҳшоният?!
Рӯзи 3 сентябр садҳо тан аз мусалмонон дар назди сафорати Мянмар дар шаҳри Маскав низ даст ба тазоҳурот заданд. Дар байни онҳо муҳоҷирони тоҷик низ зиёд буданд.
Артиши Мянмар рӯзи 25 август дар посух ба ҳамлаҳои чирикиҳо аз Артиши озодии Аракан (АРСА) ба амалиёти густардае дар вилояти Ракҳайн шурӯъ кард. Дар ин вилоят ҳудуди 800 ҳазор нафар аз қабилаи мусалмони Роҳинҷа ба сар мебаранд.
Аксҳову наворҳои нашршуда дар Интернет ҳокист, ки нирӯҳои артиши Мянмар, гурӯҳҳои ниманизомӣ ва издиҳоми буддоиҳо ба деҳаҳои мусалмонон ҳамла оварда, хонаҳоро оташ мезананд, кӯдаконро сар мебуранд ва мардону занонро зинда ба зинда оташ мезананд ваё зери хок мекунанд.
Бино ба ҳисобҳо, хушунатҳои ахир алакай боиси ба кишвари ҳамсояи Бангладеш фирор кардани то 60 ҳазор нафар аз қабилаи Роҳинҷа шудааст.
Бирма(Мянмар) дар Осиёи ҷанубушарқӣ ҷойгир шуда, дар ғарб бо Бангладеш, дар ҷануб бо Таиланд ва дар шарқ бо Чину Лаос ҳаммарз аст. Мусалмонон ҳудуди 4 дарсад аз 60 миллион аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд. Тақрибан 800 ҳазори онҳо аз қабилаи Роҳинҷаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ