Лино Рӯзбеҳ Ҳайдарӣ — Афғонистон

Дилам гирифт

‫‫Дилам  гирифт,

‫На барои худам,

‫Барои  сояи гумшудаи як дарахти олуболу.

‫Ки  худро кашида- кашида ба моварои девор расонид ва хушкид.

‫‫ Дилам  гирифта,

‫ На барои шишаи шикаста.

‫ Барои  қоби холии панҷара, ки ҳар рӯз,

‫ Марги ўро бо хатми инъикоси нур ҳазён мекунад.

‫ ‫ Дилам  гирифта,

‫ На  барои оғоз,

‫ Барои хатми ҳезумҳои хушке, ки дар танури рӯзгор,

‫ Ба ёди даштҳои гули арғувонӣ,

‫ Ҷараққа гиря мекунанд.

‫ ‫ Дилам гирифта,

‫ Аз ҳама буданҳое, ки будем,

‫ Ҳастамҳое, ки ҳастем.

‫ Ва хоҳам буданҳое,

‫Ки ба иҷбор хоҳем буд.

‫ Дилам гирифта,

‫ Барои дарахте, ки қад кашиду мурд,

‫ Панҷарае, ки шишааш шикаст,

‫ Ва ҳезуме, ки рӯзе аз ҷинси гул буд.

‫ ‫ Дилам гирифта,

‫ Мисли хусуф.

‫ Дар сояи нохарошидаи чархиши рӯзгор,

‫Ки сиёҳиро ҳамеша бар нур,

‫Ғолиб месозад.

***

Гуфта будам

‫‫ Гуфта будам, ки дигар зинда ҳисоре нашавам,

‫ Мурда бошам, ба ҳар зинда қароре нашавам.

‫ ‫ Гуфта  будам, ки дар ин шаҳри пур аз рангу риё,

‫ Ба ғаму ранҷи касе роҳи фирореи нашавам.

‫ ‫ Гуфта будам, ки ба тороҷи ғами марги чаман,

‫ Зи рагам хун нафишонам,  баҳоре нашавам.

‫ ‫ Гуфта будам, ки дар ин ҳабси абад ғайри худам,

‫ Пури парвоз ба ҳар ҷуғдтаборе нашавам.

‫ ‫ Гуфта будам, ки чунин соддаву берангу сафед,

‫ Маҳви атри дари ҳар ғурфаатторе нашавам.

‫ ‫ Гуфта будам, нашунидам, суханам монду бимурд,

‫Ман чӣ сон дар ғами ҳар гард, ғуборе нашавам.

***

 Зиндагӣ   

‫‫ Як панҷа нур буду худо буду зиндагӣ,

‫Як хона дар ҳарими сано буду зиндагӣ.

‫ Як  шодии амиқ ниҳон дар ду пилки чашм,

‫Сад шӯру сад танину наво буду зиндагӣ.

‫ Ёдам намеравад, ки чиҳо рафту хок шуд,

‫Як шаҳри бекарон, ки зи мо буду зиндагӣ.

‫ Шаб моҳу рӯз раҳмату хуршеду нури ў,

Сурхӣ фақат ба ранги ҳино буду зиндагӣ.

‫ Дар сояи қаноату дар партави умед,

‫Ҳар кас ба занди хеш ризо буду зиндагӣ.

‫ Мардонагӣ, усулу мурувват, асоси кор,

‫Ханҷар задан зи пушт хато буду зиндагӣ.

‫ Дар роҳу расму хатту нишон, возеҳу дурушт,

‫Ҳар душману чӣ дӯст, баҷо буду зиндагӣ.

‫ Оре, гузашт рӯзу замону усули пор,

‫Онҷо, ки аслу шарт, вафо буду зиндагӣ.

 

‫ Он рӯзҳои обию он рӯзгори сабз,

‫Вақте, ки сулҳу меҳру сафо буду зиндагӣ.

لينا روزبه حيدری — افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *